ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 17.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар ғарби вилоят шабона – 4 — 9 ва дараҷа хунук ва рӯзона +6+11 гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона -19-24 дараҷа ва рӯзона -4-9 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+2 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, баъзан боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+4 ва рӯзона +16+18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво шабона -1+4 ва рӯзона ба 13+18 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 2+4 ва рӯзона +14+16 дараҷа гарм мешавад.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






