Ғолибони мусобиқаи Ҷоми «Карабао»-2018 миёни кормандони ВАО муайян шуданд

Ноябрь 14, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Варзишгоҳи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии ниҳоии аввалин мусобиқаи Ҷоми «Карабао»-2018, ки бахшида ба Рӯзи Президент ва ифтитоҳи аввалин агрегати НБО «Роғун»  миёни кормандони ВАО баргузор гардид, доир шуд. Дар ин бозӣ  дастаҳои футболи хурди ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ТВ «Варзиш» иштирок намуданд.

Тавре  хабарнигор ва узви дастаи АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, вохӯрии дастаҳо бо ширкати мухлисони сершумори ин намуди варзиш сурат гирифта, бо пирӯзии дастаи ТВ «Ҷаҳоннамо» бо ҳисоби 4:1 ба ба поён расид. Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи Ҷоми «Карабао»-2018  11 дастаи шабакаҳои телевизионӣ ва радио ширкат  намуданд.

Дар фарҷоми мусобиқа ба дастаҳои беҳтарин ҷоизаҳои кумитаи тадорукот тақдим карда шуданд.

Ҳамин тариқ, дастаи  ТВ «Ҷаҳоннамо» соҳиби ҷои якум ва ғолиби мусобиқа дониста шуд. ТВ «Варзиш» соҳиби ҷои дуюм ва медали  нуқра гардида, дастаи «Радиои Имрӯз» ҷои  сеюм ва медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Дастаи АМИТ  «Ховар» соҳиби Сипосномаи мусобиқаи Ҷоми «Карабао»-2018 гардид.

 

Ноябрь 14, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд