ҶОМИ КАРАБАО – ДАР ДУШАНБЕ! Имрӯз дар мусобиқа дастаҳои футболи хурди АМИТ «Ховар» ва ТВ «Синамо» вориди «рақобат» мешаванд

Ноябрь 3, 2018 13:05

ДУШАНБЕ, 3.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президент ва ифтитоҳи аввалин агрегати НБО «Роғун»  бори нахуст миёни  кормандони  воситаҳои ахбори омма мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Карабао (Carabao) – 2018 баргузор мешавад.

Тавре  хабарнигор ва узви дастаи АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад,   дар  мусобиқа дастаҳои шабакаҳои телевизионӣ, радио ва дигар расонаҳои кишвар ширкат карда, барои ҷойҳои намоён талош  меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки  2   ноябр   дар  Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» зимни маросими қуръакашӣ намояндагони дастаҳо ва шахсони масъули мусобиқа ширкат карданд.

Тибқи қуръакашӣ, дастаҳо ба 2 гурӯҳ тақсим шуда, мутобиқи системаи даврӣ байни ҳам қувва меозмоянд.

Гурӯҳи А: ТВ «Сафина», ТВ «Синамо», ТВ «Душанбе», ТВ «Тоҷикистон», АМИТ «Ховар», Радиои «Имрӯз».

Гурӯҳи Б: ТВ «Варзиш», ТВ «Баҳористон», Радиои «Тоҷикистон», ҶСК «Телерадиоком», ТВ «Ҷаҳоннамо».

Бозиҳо 3   ноябр, соати 13:00  дар толори варзишии «Динамо»-и ВКД шурӯъ мешаванд. Қабл аз оғози бозиҳо, соати 12:15 маросими кушодашавӣ бо иштироки масъулин ва дастаҳои иштирокчӣ доир мегардад.

Дар мусобиқаи аввал  Телевизиони «Сафина» ва Радиои «Имрӯз» ва сипас АМИТ «Ховар» ва Телевизиони «Синамо» байни ҳам қувва меозмоянд.

Carabao  — номи анлисии говмеши обии осиёист, ки чун рамзи (бренди) Филиппин  қабул гардидааст, дар он ҷо ҷазирае низ ба номи ин ҳайвони калони шохдор гузошта шудааст.  Ва яке аз  ширкатҳои машҳури ҷаҳон дар Тайланд, ки нӯшокиҳои ғайриспиртии нерӯрасони Carabao Energy Drink истеҳсол менамояд, низ чунин ном гирифтааст.   Ин ширкат дар  Тоҷикистон низ намояндагии худро (дистрибютор) дорад.   Карабао дар Тоҷикистон  барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар тадбирҳоро ҷиҳати талқини тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа роҳандозӣ ё сарпарастӣ менамояд.  

Дар омади гап,   Ҷоми Лигаи футболи  Англия ба ифтихори сарпарасти ин мусобиқот  Ҷоми Карабао (Carabao Cup) номида шудааст. Дар мусобиқоти охирин, ки моҳи феврали соли 2018  доир гардиданд, дастаи машҳури «Манчестер Сити» ғолиб омад ва соҳиби Ҷоми Карабао гардид.

Ноябрь 3, 2018 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд