«Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2018» насиби дастаи Вазорати корҳои дохилӣ гардид

Ноябрь 15, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқа оид ба дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2018» оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар майдони хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи финалӣ бозӣ байни дастаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва «Вавилон» тунду тез сурат гирифта, ба фоидаи Вазорат анҷом ёфт.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, вохӯрӣ  дар сатҳи баланд  баргузор гардида, ҳарду даста кӯшиш намуданд ҷойи авввалро соҳиб шаванд. Дарвозабони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ Умар Раҳимов малакаю маҳорати  хуб нишон дода, ба дарвозаи худ ягон гол сар надод. Бо ҳамин бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Тибқи рӯзномаи бозӣ, силсилазарбаҳо таъйин гардида, дастаи ВКД бо ҳисоби 3:1 дастаи «Вавилон»-ро мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Ҳамин тариқ, ҷойи дуюмро дастаи «Вавилон» ва ҷойи сеюмро дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.

Бояд зикр кард, ки  дар маросими тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори МД «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе» Раҳматшо Камолов, Раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев иштирок намуданд.

Дар ҷамъбаст ба ғолибон барои ҷойи аввал 24 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 16 000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 12 000 сомонӣ тақдим гардид.

Ноябрь 15, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад