Паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии Тошканд ду ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд

Ноябрь 12, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 12.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзҳои  9-11 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи Гран-при оид ба дзюдо баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар иштирок кард.

Тавре аз  Федератсияи дзюдои Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар мусобиқа 352 варзишгар (201 мард, 151 зан) аз 47 кишвари дунё барои ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Аз ҷумҳурии мо 14 варзишгар (2 нафар зан) дар мусобиқаи мазкур иштирок карданд.

Беҳтарин натиҷаи нишондодаи варзишгарони мо ноил шудан ба ду ҷои ифтихории ҳафтум мебошад.
Дар рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон ва -48кг, 52кг, 57кг миёни бонувон баргузор шуданд. Варзишгарони мо Иброҳим Абдуллоев, Меҳрзод Суфиев (-60кг), Идибег Тоиров (-66кг), Фазилат Гулбоева (-52кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Дар рӯзи дуюм низ Мирзоҷамил Рамазонов, Раҳматуллобек  Фарҳодов (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Акмал Муродов (-81кг) дар даври аввал мағлуб шуданд.

Дар рӯзи сеюм Эмомҷон Камолов (-90кг), Темур Раҳимов (+100кг) дар даври аввал, Шарифҷон Назриев (-100кг), баъд аз як пирӯзӣ бар варзишгари Туркманистон дар даври дуюм шикаст хӯрданд. Саидҷалол Саидов (-100кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ҷойи ҳафтумро ишғол намуданд.
Саидҷалол дар даври аввал бар Уҳлас Сетдаров (Туркманистон), дар даври дуюм бар Муҳаммадкарим Хуррамов (Ӯзбекистон) ғалаба карда, дар чорякфинал аз варзишгари Миср Рамазон Дарвеш ва дар рақобати тасаллобахш аз варзишгари Германия Карл Ричард Фрей шикаст хӯрд.

Шакармамад, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Қазоқистон Галимжан Крикбай ғолиб омада, дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Бекмурод Олтибоев ва дар рақобати тасаллобахш аз намояндаи дигари кишвари мизбон Ихтиёр Холмуродов мағлуб шуд.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо ду ҷои ҳафтум мавқеи 32-юмро ишғол намуд.

Косово бо 3 медали тилло, 1 нуқра ҷои аввал, Озарбойҷон бо 3 медали тилло, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Муғулистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра ҷои сеюмро ишғол карданд.

Ноябрь 12, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд