Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуд

Ноябрь 28, 2018 14:11

ДУШАНБЕ, 28.11.2018. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»,  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»- ро баррасӣ ва қабул намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Парлумони мамлакат, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, муҳокима ва қабул гардид.

Вакиолни мардумӣ инчунини лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

 Масъалаҳои  рӯзномаро муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳиён, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода, вакилони мардумӣ Зайнудин Сафаров, Бахтовар Сафарзода ва Мирзоанвар Ахмедов баррасӣ намуда, дар анҷоми иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

 

Ноябрь 28, 2018 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид