Пешвои миллат: «Неругоҳи «Роғун» ҳамчун мактаби нодир мутахассисони тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода мекунад»
ДУШАНБЕ, 17.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» зикр карданд, ки неругоҳи мазкур на танҳо имрӯз, ҳамчунин дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд.
Сарвари давлат дар ин маврид иброз доштанд, ки «баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки неругоҳи «Роғун» — ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем. «Роғун» баъди пурра ба кор даромадани он боргоҳи бузурги нуру гармӣ мешавад, орзуи чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбанд».
«Бояд гуфт, ки 90 фоизи корҳо дар сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» дар зери замин анҷом дода мешаванд, бинобар ин кор дар ин сохтмон аз нақбканҳо ва мутахассисону коргарон заҳмати сахт ва матонати зиёдро талаб мекунад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуданд, ки «воқеан, неругоҳи «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд. Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд. То имрӯз бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар зери кӯҳ ҷойгир шудааст, бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст, ки дар ҷаҳон назир надорад».
Хотиррасон бояд шуд, ки корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 67 ташкилоту муассисаҳо, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин, бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодаанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






