Президент-ҳомии Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Ноябрь 16, 2018 09:58

ДУШАНБЕ, 16.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили таърихи таҷрибаи давлатдорӣ собит менамояд, ки дар давраҳои муайяни рушд ва инкишоф, қисмати давлат ва миллат бо шахсиятҳои алоҳида пайвастагии ногусастанӣ пайдо карда, нақши онҳо дар пешрафт ва таҳкими ягонагии миллат калидӣ баён шудааст. Тоҷикистон бо умри кўчакаш саҳифаҳои зиёди пуртазоди таърихиро паси сар кардааст. Шахсиятҳои алоҳида тавонистанд наҷоти давлат ва миллатро заминагузорӣ карда, барои дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани мамлакат ба сифати кишвари сулҳдўст мусоидат намоянд. Ин шахсиятҳо дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин нақш гардида, хизматҳои шоёни онҳо барои давлат ва миллат махсус зикр мешаванд.

Миллат дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихии аввали солҳои 90-уми қарни гузашта барои давлат шахсиятеро эҳдо намуд, ки пойдории сулҳу субот, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакат, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳамгироии ҷомеа, ислоҳоти конститутсионӣ, барқарор шудани давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ бо он робитаи ногусастанӣ пайдо кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафдории худро аз барпо кардани давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳанўз дар Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд. Аз ин ҷо, андешаҳои Роҳбари олии сиёсии кишвар ва Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон ба он сабаб гардид, ки аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони навин оғоз гардида, ҷузъитарин афкори ҷомеа, ки ҷавобгўи манфиатҳои миллӣ буданд, ба инобат гирифта шаванд. Дар ин робита, нуқтаҳои асосии Муроҷиатнома минбаъд ба шиори таҳкимбахши фазои ҳуқуқии кишвар, ҷузъи таркибии пешрафти ҷомеа ва манбаи бунёдии озодии инсон, ҷавҳари мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолияти миллӣ мубаддал гардид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки андешаҳо оид ба барпо кардани давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳанўз дар иҷлосияи таърихӣ садо дода буданд. Мутобиқ ба ин, Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хусуси асосҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун самти стратегии инкишофи ҷомеаи мамлакат башорат дод. Ҳадафи бознагардандаи Тоҷикистон дар ин самт ҳанўз дар Изҳорот аз 31 декабри соли 1992 таҷассум гардида буд. Таъкид гардид, ки «мо чандин маротиба гуфтем ва боз такроран мегўем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад».

Дар ин робита, бо мақсади дар амал татбиқ кардани санадҳои Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба халқи шарифи Тоҷикистон муайян шуда буданд, тадбирҳои мушаххаси амалӣ андешида шуданд. Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба давраи нави таърихии инкишоф ворид гардида, бунёди  падидаҳои асосии ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд, ба монанди гуногунандешии сиёсӣ, фаъолияти озоди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, хислати воқеиро пайдо карданд.

Ташаккули ин муносибатҳо зарурати тезонидани раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони навин ва ҳарчи зудтар қабул гардидани онро бо назардошти арзишҳои умумиэътирофгардидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён овард. Зеро қабули санади меъёрии ҳуқуқии мазкур ба сифати вазифаи муҳим ва калидӣ баромад карда, таҳкими пояҳои асосии давлатдорӣ ва ҳокимияти давлатӣ маҳз дар заминаи Конститутсия имконпазир буданд. Ин барои минбаъд ҷоннок гардидани фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ ва ҳарчи зудтар омода шудани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони нав амалан такон бахшид.

19 ноябри соли 2012 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки «Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сўи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд».

Маҳз дар чунин давраҳои ниҳоят ҳассоси таърихӣ, ки тақдири миллат ва давлат ба миён гузошта шуда буд, ҷомеа ба Конститутсия ҳамчун санади наҷотбахш умед баст, дар назди ин санад вазифа гузошта шуд, ки ҳарчи зудтар забонаи оташи ҷанги бародаркушро хомўш намояд ва ба ҳаёти осоишта баргаштани ҳамватанони гурезаро асос гузорад. Комиссияи конститутсионӣ бо сарварии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат бо дарки чунин масъулияти бузург ва ҷиҳати ба ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, барои ҳарчи зудтар таҳия намудани Конститутсия ва дар он ба инобат гирифтани арзишҳои пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили муҳимтарин принсипҳои демократӣ ва кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар як муддати начандон тўлонӣ корҳои назаррас анҷом дод.

30 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи 48-уми Маҷмаи кулли СММ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид, ки «ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад, ки дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешаванд».

Инҳо нуқтаи назари беасос набуданд. Дар раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони навин таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба муқаррароте нигаронида шуд, ки онҳо тавонанд дар вазъи мураккаби ҷумҳурӣ манфиатҳои волои миллӣ ва ҷомеаи навини Тоҷикистонро инъикос гардонанд, истиқлолияти давлатиро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият дароварда, якпорчагӣ ва тамомияти арзии кишварро таҳким бахшанд ва дар қатори дигар масъалаҳои муҳим ҳамчунин барои ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун давалти мустақил ва субъекти комилҳуқуқ ворид гардидани Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Дар лоиҳаи Конститутсия баробари консепсияи давлати демократии ҳуқуқбунёд консепсияи давлати иҷтимоӣ таҷассум гардид. Мутобиқ ба таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ хулоса кардан мумкин аст, ки давлати демократии ҳуқуқбунёд дар як вақт моҳияти иҷтимоӣ дошта, барои ҳалли як қатор масъалаҳои дорои хислати иҷтимоӣ нигаронида шудаанд. Бо ин назардошт, консепсияи давлати иҷтимоӣ бо консепсияи давлати демократии ҳуқуқбунёд дар як сатҳ мустаҳкам гардида, асоси ҳуқуқии худро пайдо менамоянд. Мутобиқ ба ин, дар иҷлосияи XVIII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии кишвар он чиз ба дурустӣ таъкид шуд, ки «Мақомоти давлатӣ умедвор аст, ки консепсияи чунин давлат, ки онро мо идеали иҷтимоиямон медонем, дар бахшҳои аввали Конститутсияи нави Тоҷикистон ҷой хоҳад гирифт».

Дар таҳия ва қабули Конститутсия он чиз муҳим дониста мешавад, ки ин санад то чӣ андоза хислати миллӣ пайдо менамояд. Чунин хислатро воқеан пайдо кардани Конститутсия, кафили асосӣ ва марказии аз ҷониби халқ эътироф гардидани ин санад, таъмини волоияти он аз арзишмандии Конститутсия дар ҷомеа башорат медиҳад. Далели собитгардидаи ин нуктаро метавонад қабули ду қонуни воқеан миллӣ — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2007) ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (соли 2011), ки бевосита бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардиданд, ташкил диҳанд. Бо чунин мақсад лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Аҳолии кишвар новобаста аз вазъи мураккабу сиёсии он замон дар ин раванд фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати такмили минбаъдаи лоиҳаи санади тақдирсоз зиёда аз ҳаштуним ҳазор таклифҳо пешниҳод карданд. Ин собитгари он аст, ки халқи тоҷик нисбат ба тақдири худ бетараф набуда, ба он бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои ҳозира ва оянда мавқеъгузорӣ менамояд. Нисбат ба ин аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии кишвар баҳои баланд дода шуда, 20 июли соли 1994 дар иҷлосияи XIX Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, ки «дар тўли зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон ба Шўрои Олӣ ворид шуданд». Аз ҳамин лиҳоз роҳбари давлат лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро халқӣ номида, аз ҷумла иброз доштанд, ки «онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд».

Лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони навин, ки воқеан хислати халқӣ дошт, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 1994 ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод гардид ва 6 ноябри соли 1994 бо тарафдории аксарияти шаҳрвандон қабул шуд.

Ҷавҳари асосии Конститутсияи Тоҷикистонро, ки давраи муайян ва назарраси таърихиро паси сар кард, падидаҳои муҳими ҷомеаи башарӣ, ба монанди арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ, гуногунандешии сиёсӣ, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудани халқ ва ғ. ташкил доданд. Бо ҳамин кишвар худро дар асос ва мутобиқи қонун маҳдуд карда, тибқи арзишмандии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро пешбинӣ намуд. Ин давоми мантиқии ҳамоне буд, ки Тоҷикистон дар назди худ барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёдро мутобиқ ба консепсияи он мақсад гузошта буд.

Конститутсия ба сифати заминаи низоми қонунгузории кишвар баромад карда, усулҳои калидии ҳаёти ҷомеаро муқаррар ва муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди танзим қарор дод. Дар давомияти начандон дури таърихӣ барои эҳтироми арзишҳои пазируфташудаи инсонӣ, ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф шуд. Ин мусоидат ба он кард, ки дар Тоҷикистон барои эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошта шуда, механизми ҳамкории он бо мақомоти давлатӣ, иштироки ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ коркард гардиданд.

Дар шароити муосири пешрафт ва ташаккули таҷрибаи идоракунии давлатӣ, ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ унсури муҳими ҷомеаи иҷтимоӣ буда, барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд шароити зарурӣ фароҳам меоварад, аз ин лиҳоз алоқамандии мантиқии ин ниҳоди демократӣ бо Конститутсияи кишвар ба чашм мерасад. Вобаста ба ин, муносибатҳои ташаккулёбандаи судманд ва мутақобилаи давлат ва ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардида, вазифаи шахсони мансабдори давлатӣ ва мақомоти давлатӣ оид ба хизмат ба халқи Тоҷикистон, ба манфиати ҷомеа қувваи конститутсионӣ пайдо кардааст.

Илми ҳуқуқ собит кардааст, ки пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва зарурати таърихӣ мутобиқ ба низоми қонунгузории мамлакат ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда талаб менамояд. Бо ин назардошт, дар Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти заминаҳои конститутсионии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, такмил додани асосҳои сохти конститутсионӣ, мушаххас кардани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд.

Такмили Конститутсия, ки талаби замон буда, аз омилҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сарчашма мегирад, рушди минбаъдаи Тоҷикистони навинро мутобиқ ба манфиати волои халқ ва миллати тоҷик, пойдории сулҳу ваҳдат, таъмини амнияти давлат, тақвияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, низоми идоракунии босамари ҷомеа, муносибатҳои байналмилалӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва амалишавии дигар татбирҳои созанда баҳри таҳкими ҷомеаи навини кишвар ба роҳ монд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Тоҷикистони навин бо саҳми назарраси роҳбарияти олии сиёсии кишвар қабул шуда, муҳимтарин усулҳои эътирофгардидаи ҷомеаи ҷаҳониро инъикос намуд, барои барпо гардидани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминагузорӣ карда, амалишавии ҳадафҳои бузурги миллатро асос гузошт.

Маҳкам МАҲМУДЗОДА,
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ноябрь 16, 2018 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ БОЯД ТАҚВИЯТ ЁБАД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
ЧОЙ НӮШОКИИ АЗ ҲАМА ЗИЁД ИСТЕЪМОЛШАВАНДА ДАР ҶАҲОН АСТ. Кадом навъи он ба саломатӣ фоида дорад?
ЧАККА ДАР ОШХОНАИ ТОҶИКӢ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД. Чаро онро парҳезӣ ва шифобахш номидаанд?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед