Профессор Кароматулло Олимов: «Роғун»- ин нишондиҳандаи иродаи матин, мушкилнописандӣ ва садоқати Пешвои миллат ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст»

Ноябрь 13, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 13.11.2018.  /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил мегардад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватани тоҷикон беандоза бузург аст.

Имсол ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО «Роғун» басо рамзист. Зеро сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва инак дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.

Пас аз чанд рӯз миллати тоҷик ва тавассути инъикоси намояндагони ВАО тамоми ҷаҳон шоҳиди ҳодисаи таърихӣ – ба истифода додани аввалин агрегати НБО-и «Роғун» хоҳанд шуд. Дар робита ба Рӯзи Президент ва ба кор андохтани чархаи аввали ин неругоҳи тақдирсоз  доктори илми фалсафа, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон,  Кароматулло ОЛИМОВ чунин ибрози андеша намуд:

Дар ҳар давру замон бо тақозои таърих шахсиятҳои бузурге дар арсаи сиёсат, илм, адабиёт, фарҳанг зуҳур мекунанд, ки дар раванди тараққиёти ин ё он давлат, миллат ва ё ҷаҳон нақши муҳиме аз худ мегузоранд. Дар таърихи мо дар сиёсат, масалан Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, дар илм Форобиву Ибни Сино, Абўбакри Розиву  Умари Хайём ва ё Аҳмади Донишу устод Айнӣ, дар адабиёт устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, дар дин Абў Ҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, дар  санъат Борбад, Беҳзод, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Аҳмад Бобоқулов,  Малика Собирова ва даҳҳо арбобони маъруфи дигар  саҳми бузург гузоштаанд.

Дар давраи навини таърихи халқи мо бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ вазъияти буҳроние ба вуҷуд омад, ки ба миллати мо хатари нобудии давлат ва  парокандагӣ таҳдид мекард. Маҳз ба майдони сиёсат омадани Президент Эмомалӣ Раҳмон ин хатарро аз байн бурд.

Дар мақолаҳову суханрониҳои худ сабабҳои обрўю эътибори дохилӣ ва байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ додаам. Махсусан рисолаи банда, ки ба наздикӣ аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикитон ба табъ расид ва «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» ном дорад, доир ба ин масъала муфассал баҳс мекунад.

Агар бо як ҷумла ифода кунам, муҳимтарин хислате, ки сабаби маҳбубияти Президенти мо-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шудааст, ин ваҳдати сухану амал, ватандўстию миллатдўстӣ ва фидокорӣ барои ободии сарзамин ва таблиғи мероси ғании халқи тоҷик дар  арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ў Президенти мардумӣ мебошад. Ин аст сабаби комёбии  Президенти мо ва дастоварди таърихии мардуми тоҷик. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори дорои тафаккури стратегӣ мебошанд. Се ҳадафи стратегие, ки муайян карданд, аз ҷумла ҳалли масъалаи энергетикӣ барои халқу давлати мо тақдирсоз мебошанд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун»  барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим аст. Сохтмони он,  воқеан ҳам масъалаи нангу номуси миллист. Президент бо қотеият, қаҳрамонона, ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо иродаи матин сохтмони «Роғун»-ро ба марҳилаи оғози тавлиди неруи барқ расонданд ва онро то ба охир хоҳанд расонд.

«Роғун»- ин нишондиҳандаи иродаи матин, мушкилнописандӣ ва садоқати Пешвои миллат ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва некўаҳволии мардуми он мебошад.

Ноябрь 13, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд