Профессор Кароматулло Олимов: «Роғун»- ин нишондиҳандаи иродаи матин, мушкилнописандӣ ва садоқати Пешвои миллат ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст»
ДУШАНБЕ, 13.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил мегардад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватани тоҷикон беандоза бузург аст.
Имсол ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО «Роғун» басо рамзист. Зеро сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва инак дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.
Пас аз чанд рӯз миллати тоҷик ва тавассути инъикоси намояндагони ВАО тамоми ҷаҳон шоҳиди ҳодисаи таърихӣ – ба истифода додани аввалин агрегати НБО-и «Роғун» хоҳанд шуд. Дар робита ба Рӯзи Президент ва ба кор андохтани чархаи аввали ин неругоҳи тақдирсоз доктори илми фалсафа, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Кароматулло ОЛИМОВ чунин ибрози андеша намуд:
Дар ҳар давру замон бо тақозои таърих шахсиятҳои бузурге дар арсаи сиёсат, илм, адабиёт, фарҳанг зуҳур мекунанд, ки дар раванди тараққиёти ин ё он давлат, миллат ва ё ҷаҳон нақши муҳиме аз худ мегузоранд. Дар таърихи мо дар сиёсат, масалан Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, дар илм Форобиву Ибни Сино, Абўбакри Розиву Умари Хайём ва ё Аҳмади Донишу устод Айнӣ, дар адабиёт устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, дар дин Абў Ҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, дар санъат Борбад, Беҳзод, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Аҳмад Бобоқулов, Малика Собирова ва даҳҳо арбобони маъруфи дигар саҳми бузург гузоштаанд.
Дар давраи навини таърихи халқи мо бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ вазъияти буҳроние ба вуҷуд омад, ки ба миллати мо хатари нобудии давлат ва парокандагӣ таҳдид мекард. Маҳз ба майдони сиёсат омадани Президент Эмомалӣ Раҳмон ин хатарро аз байн бурд.
Дар мақолаҳову суханрониҳои худ сабабҳои обрўю эътибори дохилӣ ва байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ додаам. Махсусан рисолаи банда, ки ба наздикӣ аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикитон ба табъ расид ва «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» ном дорад, доир ба ин масъала муфассал баҳс мекунад.
Агар бо як ҷумла ифода кунам, муҳимтарин хислате, ки сабаби маҳбубияти Президенти мо-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шудааст, ин ваҳдати сухану амал, ватандўстию миллатдўстӣ ва фидокорӣ барои ободии сарзамин ва таблиғи мероси ғании халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ў Президенти мардумӣ мебошад. Ин аст сабаби комёбии Президенти мо ва дастоварди таърихии мардуми тоҷик. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори дорои тафаккури стратегӣ мебошанд. Се ҳадафи стратегие, ки муайян карданд, аз ҷумла ҳалли масъалаи энергетикӣ барои халқу давлати мо тақдирсоз мебошанд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим аст. Сохтмони он, воқеан ҳам масъалаи нангу номуси миллист. Президент бо қотеият, қаҳрамонона, ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо иродаи матин сохтмони «Роғун»-ро ба марҳилаи оғози тавлиди неруи барқ расонданд ва онро то ба охир хоҳанд расонд.
«Роғун»- ин нишондиҳандаи иродаи матин, мушкилнописандӣ ва садоқати Пешвои миллат ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва некўаҳволии мардуми он мебошад.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад






