РӮЗИ АБАРМАРДИ МИЛЛАТ. Пешвои миллати мо ҳамеша дастгири бечорагону ятимон, камбизоатону бенавоён ва дармондагон мебошанд
РӮДАКӢ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми НБО «Роғун» дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.
Тавре аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия хабар доданд, дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳо оид ба аҳамияти ин ҷашнҳои фархунда мулоқоту ҷамъомадҳо идома доранд.
Менеҷери бахши Кумаки аввалини тиббӣ-санитарии ноҳияи Рӯдакӣ Камолиддин Мирзоев дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» иброз намуд, ки «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми НБО «Роғун» бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми тоҷик гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мунодии сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ ватану миллаташонро чун фарзанд аз дилу ҷон дӯст медоранд. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азиз ҷонашонро фидо мекунанд. Абармарди миллат ва Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошанд. Аз ин ҷост, ки он касро халқ дӯст медоранду ҳамчун Сарвару Пешвои миллат интихоб намудаанд».








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






