Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самтҳои сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва иқтисод муҳокима гардиданд.
Шукурҷон Зуҳуров ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, гуфт: «Боварӣ дорем ин сафар дар равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нав боз мекунад ва дар тақвияти ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямон саҳми арзанда мегузорад».
Ба назари мо, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — самарабахшии ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ аз ҳама бештар аз парлумонҳо ва намояндагони парлумонҳо вобастагӣ дорад. «Умедворем, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими равобити дуҷониба дар арсаҳои иқтисод, гуманитарӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим бозида, ба тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ мусоидат мекунанд», — илова намуд Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.
Зикр шуд, ки умед аст дар муддати кӯтоҳ имкон пайдо шавад, то робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромада, ҳам дар шаклҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ инкишоф ёбанд.
Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки ду давлати ба ҳам дӯст –Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро таъриху фарҳанг ва арзишҳои муштарак бо якдигар мепайванданд. Гуфта шуд, ки Ӯзбекистон шарики стратегии Тоҷикистон аст ва моро зарур аст ин муносибатҳоро тавассути робитаҳои байнипарлумонӣ таҳким бахшем.
Дар мулоқот инчунин сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо ҳаҷми 320 МВт дар дарёи Зарафшони Тоҷикистон ва омӯзиши масоили истифодаи оби тозаи кӯли Сарез таъкид карда шуд.
Бо ёдоварии сафарҳои роҳбарони сатҳи олии ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, ки моҳи март ва августи соли равон сурат гирифтанд, ҷонибҳо омодагии тақвияти ҳамкориро дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла робитаҳои зичи байнипарлумонӣ баён доштанд.










Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






