Руқия Қурбонова, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ: «Рӯзи Президент ва ба кор даровардани чархаи аввали НБО-и «Роғун» дар як рӯз иттифоқ меафтанд ва ин басо рамзист»
ДУШАНБЕ, 13.11.2018./АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр Тоҷикистон Рӯзи Президентро таҷлил мекунад. Дар ин рӯз дар ҳаёти кишвар воқеаи бузурги таърихӣ рӯй медиҳад – чархаи аввали НБО-и «Роғун» ба кор дароварда мешавад, ки ин басо рамзист.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия ҚУРБОНОВА дар ин бора ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори назар намуд:
— Бале, дар як рӯз мувофиқ омадани ин ду ҷашн рамзист. Рамзи ба ҳам тавъам будани ин ду ҷашн аст, то ҷое, ки якеро бе дигаре тасаввур кардан муҳол аст. Биёед ба гузашта як назар андозем.
Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Истиқлолият танҳо аз эъломияи (декларатсияи) он иборат нест, истиқлолияти воқеӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки агар пояҳои он устувор карда шаванд, то ки, тавре Фирдавсӣ гуфтааст, аз боду борон газанд наёбад, худро ҳимоя карда тавонад, онро ҷомеаи ҷаҳонӣ расман эътироф кунад ва ба садояш гӯш диҳад, парчамаш дар саҳнаву майдонҳои ҷаҳонӣ парафшон гардад. Ҳамаи ин дар замони роҳбарӣ ва бар ивази заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Мардуми тоҷикро беҳуда фарҳангпарвар намегӯянд. Ин мардум дар айёми хеле сахту сангин, вақте оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад ва давлату миллати куҳанбунёди мо дар вартаи нобудшавӣ қарор доштанд, ҷавонмарди 40-соларо роҳбари худ баргузид. Зеро ин мард бо лаҳни бурро ва самимӣ, симои баҳодурона, донишу маҳорат ва фарҳанги волои худ дар дили ин мардум шуълаи умеду боварӣ афрӯхта буд. Бисёриҳо дар он айём дар ғами ҷони худу сарнавишти худ буданд ва аз пеши пои худ дуртарро намедиданд. Вале нигоҳи ин мард ба дуриҳо, ба ояндаи ин халқ ва ин сарзамин дӯхта шуда буд.
Ва ин мард ба боварии мардуми худ садчанд бештар сазовор гашт.
Аввалин нияту мақсаде, ки аз рӯзҳои нахустин Сарвари давлат дар назди худ гузоштанд, — ин хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба манзилҳои худ баргардонидани гурезаҳо буд. Тасаввур кунед чӣ кадар душвор буд, гуфтушунидҳо, сафарҳо ба манотиқи хафнок, гузашт карданҳо, авфу бахшиш, ба мансабҳои давлатӣ таъйин кардани силоҳбадастони собиқ – ҳамаи ин осон набуд, вале Ҷаноби Олӣ ба хотири сулҳу салоҳ ва ҳаёти осоиштаи мардуми худ ба ин роҳ рафтанд ва хато накарданд, пирӯз шуданд. Балки ҳамаи мо пирӯз ва хушрӯз гардидем!
Баъди ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардонидани фирориёни иҷборӣ бо ташаббуси Сарвари давлат Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ таҳия ва қабул гардид. Тоҷикистон худро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон кард. Дар Тоҷикистон ниҳоди президентӣ таъсис дода шуд, ниҳоде, ки бори нахуст дар дунё дар пешрафтатарин давлат – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзи вуҷуд кардааст. Дар омади гап, дар Амрико низ сарварии давдат ва ҳукуматро Президент бар уҳда дорад.
Вақте нахустин бор дар таърихи халқи тоҷик Сарвари давлати мо аз минбари бонуфузтарин созмони байналмилалӣ – СММ бо лаҳни шевои тоҷикӣ сухан гуфтанд ва ҳадафҳои давлати навбунёди моро ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ҳама дарк намуданд, ки давлат ва миллати тоҷикро ояндаи нек дар пеш аст, инро ҳамон солҳои аввал ҳатто сарварони кишварҳои пешрафтаи олам ҳадс зада буданд. Аз ҷумла, Президенти Россия гуфта буд: «Тоҷикон, бо вуҷуди он ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, миллати хушбахт будаанд, ки чунин сарвари оқилу тавоно насибашон гардид».
Бале, мо хушбахтем ва аз ин ифтихор мекунем.
Сипас Сарвари давлат се мақсади неку созандаро дар назди худ гузоштанд – таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ. Ва ин се мақсад ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ тибқи қонуни махсус Пешвои миллат эълон карда шуданд. Ин ҳақиқатест, ки бо хости мардуми кишварамон ба шакли қонун дароварда шуд. Миллати тоҷик хуб дарк намуд, ки Пешвои оқилу тавоно ва дурандеш дорад, бинобарин ба ҳар даъвату ибтикори ӯ ҳамовозӣ намуданд, дасту остин барзаданд ва паи иҷрояш шуданд.
Ба наздикӣ боз ҳам бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат Ҳукумати мамлакат Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 ба тасвиб расонд ва мавриди амал қарор дод. Тибқи ин стратегия симои Тоҷикистон тамоман дигаргун мешавад, дар шаҳру деҳоти мо садҳо ва ҳазорҳо иншоотҳои бузург ва хурду миёна сохта мешаванд, симои деҳоти мо ба шаҳр наздик карда мешавад. Ҳоло дар ин самт дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон меҳнати созандаву бунёдкорона шуруъ шудааст. Ман дидам, ки агентии «Ховар» роҷеъ ба ин корҳои созандагӣ дар ҳар шаҳру ноҳияи кишварамон зери рубрикаи нав гузоришҳо чоп мекунад ва ин рубрика ё силсила «Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст. Бисёр номи муносиб аст, воқеан ҳамин тавр аст, имрӯз Тоҷикистон ба чунин майдони бузурги бунёдкорӣ табдил ёфтааст.
Амалӣ сохтани се ҳадафи стратегии Ҳукумат ояндаи Тоҷикистонро дурахшон ва мардуми онро хушбахт мегардонад. Ин мафкураи (ё худ) идеяи миллист, ки Пешвои миллат зимни суханронию паёмҳои худ ташаккул додаанд.
Ва бунёди НБО-и «Роғун» яке аз тадбирҳо дар роҳи расидан ба мафкураи миллист.
Дар бораи аҳамияти ин неругоҳи азим имрӯзҳо бисёр менависанду мегӯянд. Ман ки худ дар шаҳри энергетикҳои тоҷик – Норак ба дунё омада, ба воя расидаам ва ҳам дар шаҳри Норак ва ҳам дар шаҳри Роғун дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардаам, медонам ки ин чӣ маънӣ дорад. Медонам, ки бунёди чунин иншоотҳо чӣ қадар фидокорӣ талаб мекунад! Рӯҳияе, ки дар чунин рӯзҳо, дар айёми ба кор даромадани чунин иншоотҳои азими аср одамонро фаро мегирад, бароям шинос аст. Ҳоло маро чунин ҳаяҷону шодӣ фаро гирифтааст ва мехоҳам ба тамоми бинокорони ин неругоҳи бузург салому паём бирасонам, барояшон аз номи Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сарвари он Президенти мамлакат мебошанд, сипоси бепоён баён дорам ва бигуям:
Зиҳӣ, Пешвои миллат – ифтихори ҳамаи мо. Мо бо Шумоем ва итминон дорем, ки кишвари моро таҳти сарварии Шумо рӯзҳои аз ин ҳам дурахшонтар дар пешанд!