Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе огоҳӣ дод
ДУШАНБЕ, 08.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси гурӯҳи мазкур ба роҳ мондани ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт ва таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ мебошад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» вобаста ба таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ роҳандозӣ мегардад.
Тибқи қарори мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе -сарпарасти соҳа, якҷоя бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гурӯҳи корӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин Раиси шаҳр бо ин қарор ба масъулин супориш дод, ки ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати барқарор ва тибқи таъйинот ва мақсад истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда барои дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо огоҳнома ирсол намоянд.
Бо ин қарор ҳамчунин гурӯҳи корӣ муваззаф гардидааст, ки дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур намояд. Гурӯҳи корӣ инчунин вазифадор гардидааст, ки аз натиҷаи иҷрои корҳо то 1 майи соли 2019 маълумоти муфассал пешниҳод намояд.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






