Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё соҳиби медали тилло гардид!
ДУШАНБЕ, 5.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 3-4 ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори ду медал гардиданд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, паҳлавони шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг сазовори медали тилло шуд. Саидҷалол мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Алман Калиев ғалаба кард. Ӯ дар финал намояндаи дигари кишвари мизбон Жассулан Муҳаметхановро шикаст дод.
Паҳлавони дигари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард. Хайёмиддин дар даври чорякфинал бар варзишгари мизбон Еркебулан Аманкос ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар намояндаи дигари кишвари мизбон Нурлан Аразалин дастболо шуд, вале дар финал аз варзишгари Юнон Ҷорҷиос Азоидис шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 76 варзишгар (56 мард, 20 зан) аз 7 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо як медали тилло ва як нуқра баъд аз Қазоқистон ва Юнон ҷои сеюмро ишғол намуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






