«ШАҲРИ БЕХАТАР – АЗ НИГОҲИ КӮДАК». Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД барои офаридани расми беҳтарини кӯдакона озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои офаридани расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ- «Шаҳри бехатар — аз нигоҳи кӯдак» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намуд.
Тавре аз раёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкур тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо мебошад.
Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур дар асоси фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябр то 29 декабри соли 2018 баргузор карда мешавад. Дар озмун хонандагони аз 8 то 13-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои мамлакат метавонанд иштирок намоянд.
«Мавод то 15 декабр ба Кумитаи тадорукоти озмун пешниҳод карда шуда, ғолибони он 29 декабри соли равон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии мамлакат бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд»,- хабар дод манбаъ.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






