НОМАИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ифтитоҳи Намоишгоҳи таърихӣ-ҳуҷҷатии «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ»

Ноябрь 22, 2018 14:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» бахшида шудааст, баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим матни номаи шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони намоишгоҳ қироат намуд.

Матни пурраи номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар зер меорем.

Дӯстони азиз!

Аз шодбошии иштирокдорони чорабинии тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи намоишгоҳи таърихӣ-ҳуҷҷатии «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ»-ро, ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» бахшида шудааст, самимона хушҳолам.

Чорабинии мазкур яке аз далелҳои равшани риштаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди миёни Тоҷикистону Россия мебошад.

Муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ миёни ду мамлакат давраи санҷиширо паси сар кардаанд ва бо шарофати талошҳои халқҳоямон ба мо муяссар шуд робитаҳои боэътимодро, ки бар шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ асос ёфтаанд, ба роҳ монем.

Имрӯз ҳамкории Тоҷикистон ва Россия тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатҳоямонро фаро мегирад. Бо хушҳолӣ зикр менамоям, ки тайи ин ҳама солҳо тамоюли рушди мунтазами муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва илмию гуманитарӣ бетағйир боқӣ мемонад.

Мутмаинам, намоишгоҳи мазкур, ки барои возеҳ нишон додани талошҳои муштаракамон оид ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳамгироии мутақобила равона гардидааст, ба ташрифоварони он дар бораи дастовардҳо дар ин самт таассуроти зиёди мусбат мебахшад.

Мехоҳам ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ ва ба онҳо муваффақияту комёбӣ таманно намоям.

                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон
                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 22, 2018 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон