Суханронии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати ба кор андохтани агрегати якуми НБО “Роғун”
ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано 16 ноябр дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ намуд. Матни пурраи суханронии ӯ дар зер оварда мешавад:
«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президент,
Ҷаноби Сарвазир, ҷанобон вазирон,
Муовини Бонки ҷаҳонӣ,
Муҳтарам сафирон,
Хонумон ва ҷанобон!
Барои ман шарафи бузург аст, ки имрӯз бо шумо ҳастам ва дар ин маросим иштирок мекунам.
Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии дурбинонаи Шумо ба дигаргуниҳои миқёсӣ ноил гардид. Имрӯз мо шоҳиди рӯйдоди муҳим ҳастем.
Ба кор андохтани агрегати аввали лоиҳаи тақдирсоз тамоман давраи нави рушди гидроиндустрии муосирро дар худ таҷассум мекунад.
Роғун – ин шаҳомати усули фановарӣ дар мутобиқат бо ҳалли мушкилоти мураккаби муҳандисию техникист.
Эҳсоси ифтихор мекунам, ки мо дар назди дастоварди бузурги инсонӣ ва технологӣ – сарбанди Роғун, ки бо баландии 335 метр дар дунё аз ҳама бузургтарин хоҳад буд, қарор дорем.
Қобили таваҷҷуҳи махсус он аст, ки ширкати итолиявии “Salini Impregilo”- ширкати маъруфи ҷаҳонӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор барои расидан ба ин дастовардҳои назаррас мусоидат мекунад.
Бешубҳа, лоиҳаи мазкур барои кишвар аҳамияти стратегӣ дорад. Самараи мусбати лоиҳа, албатта ба бахши иқтисодиёт низ таъсир расонида, иқтидори истеҳсолиро дучанд мегардонад ва ба рушди кишоварзӣ ва тавозуни бозор мусоидат менамояд.
Ин лоиҳа барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, зеро дар доираи лоиҳаи интиқоли неруи барқи «Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ (маъруф ба CASA-1000) Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон аз истифодаи неруи барқи дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолшаванда манфиат ба даст меоранд.
Масъалаи таъмини неруи барқ мисли масъалаи муҳити зист ва тағйирёбии глобалии иқлим аз мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки барои ҳалли он муносибати муштарак дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур мебошад.
Италия ҳамчун шарики дуҷониба ва узви Иттиҳоди Аврупо, рӯҳияи ҳамкорӣ дар Осиёи Марказиро истиқбол ва дастгирӣ мекунад. Италия ва ширкатҳои италиявӣ омодаанд, ки ҳиссаи худро дар ин лоиҳа иҷро намоянд. Мо ба Тоҷикистон дар самти амалӣ гардидани талошҳояш ҷиҳати навсозӣ ва ислоҳот дастгирии ҳамаҷониба мерасонем.
Ва шуморо бовар мекунонам, ки аз кори мо қаноатманд хоҳед шуд.
Метавон бо итминон изҳор намуд, ки лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби «Салими Импреҷило» татбиқ мешавад, рамзи дӯстии устувори Тоҷикистону Италия мебошад.
Ташаккур, биёед бузургии ин шоҳкории технологиро ба ҷаҳон нишон бидиҳем».








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






