ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2018 аст
26 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури сарони ду давлат Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расонида шуд.
***
4 сол пеш, 26 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои роҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қиматноки кишварҳои узви ИДМ доир шуд.
26 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии иттилоот.
***
Дар Россия – Рӯзи модар.
***
Дар Абхазия – Рӯзи модар.
РӮЙДОДҲО:
26 ноябри соли 2008 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар доираи баргузории ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва афзалиятҳои он дар Тоҷикистон» конфронс баргузор гардида буд.
***
26 ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон барои асардуздӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ карда шуд.
***
134 сол муқаддам, 26 ноябри соли 1884 дар Россия ба амволи ғайриманқул андоз ҷорӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1949 Конститутсияи Ҳиндустон қабул карда шуд.
***
54 сол пеш аз ин, 26 ноябри соли 1964 барои нигоҳ доштани қурби фунт стерлинг Британияи Кабир аз бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 3 миллиард доллар заём гирифт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1976 тамғаи тиҷоратии «Microsoft» ба қайд гирифта шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад









Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






