ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, душанбе, 309-умин рӯзи соли 2018 аст

Ноябрь 5, 2018 08:00

5 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими ботантанаи ба истифода додани НБО «Сангтӯда -1» баргузор гардид.

***

10 сол муқаддам, 5 ноябри соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи радиои «Фарҳанг» оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир шуд.

5 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи ҷаҳонии паҳн кардани иттилоот оид ба мушкилоти сунами.

***

Дар Россия — Рӯзи разведчики ҳарбӣ.

 РӮЙДОДҲО:

 5 ноябри соли 1964  дар шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.

***

5 ноябри соли 2010 дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) — и вилояти Суғд  Маркази фарҳангии «Кохи Истиқлол» ифтитоҳ гардид.

***

5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Ҳисор Комбинати металлургии тоҷик ба истифода дода шуд.

***

2 сол пеш, 5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе форуми «G5 Startup Forum» баргузор гардид.

***

5 ноябри соли 1935 бозии рӯимизии «Монополия» сохта шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1927  дар Англия аввалин маротиба чароғаки роҳи худкор ба кор дароварда шуд.

***

Соли 1956 дар Англия бори аввал пахши телевизиони ранга ба роҳ монда шуд.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

 

Ноябрь 5, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад