«ТАШАККУР, РОҒУН!». Муроҷиати видеоии нависанда ва публитсисти маъруфи Россия Александр Проханов

Ноябрь 20, 2018 11:10

ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16-уми ноябри соли 2018 дар Тоҷикистон агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба кор дароварда шуд.

Ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, нависанда, сенариянавис ва публитсисти номвари  Россия Александр ПРОХАНОВ таассуроти худро аз боздиди НБО «Роғун», ки чанде пеш ба амал омада буд, дар навори видеоие чунин иброз доштааст.

«Ман дар тӯли умри худ бисёр чизро дидаам. Зиндагии бардавом ба ман имкон дод, ки офаридаҳои бузурги инсонҳо, аз ҷумла мусаввирону оҳангсозонро бубинам, аз харобиҳо дидан кунам, бист ҷангеро, ки дар рӯи замин рух доданд, бо чашми сар бинам. Ман корномаҳои инсонҳоро дидам, ҳам разолату ҳам хиёнатро.

Ман ҳамеша ба ваҷд меоям, вақте дар ҷойи харобаҳо ва фоҷиаҳо гулистонҳо, офаридаҳои мӯҳташами дасти инсонҳо пайдо мешаванд. Дар Роғун ман дидам, ки дар ҷое, ки ҳанӯз дар гузаштаи на он қадар дур ҷанг идома дошт, одамон ҳамдигарро қир мекарданд, мехостанд давлати ҷавонро барбод диҳанд ва ҳисси бадбинӣ ҳукмфармо буд, ногаҳон чунин «зебоии илоҳӣ» эҷод мегардад.

Ман «зебоии илоҳӣ» мегӯям, ҳарчанд ҳамаи корҳо дар зери замин амалӣ мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки ин зебоии зеризаминист, вале дар ҳама сурат он «илоҳист»!

Тоҷикони давлати нави тоҷикӣ, Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, муҳандисони бузург, бунёдкорон – онҳо ҳама ҷасурона зери замин даромаданд, кӯҳро шикофтанд ва як тамаддуни азими зеризаминӣ сохтанд, то ин ки баъд аз он маҷрои нур берун ояду Тоҷикистонро, олами атрофро, тамоми зиндагии рӯи Заминро мунаввар созад.

Биноан, чунин корномаро ҳаргиз надида будам. Чунин  ба ҳам овардани азму ирода, техника ва неруро. Ҳатто даҳшат фаро мегирад касро аз фикри он, ки ин тамаддуни зеризаминӣ маҳсули тахайюли мову шумост, маҳмули нақша, хирад ва кашфиёти мову шумост.

Ин неругоҳ – як маъбади ба худ хос аст, ки дар он инсоният дар симои Тоҷикистон ва тоҷикон таманнои ояндаи худ мекунад, орзу менамояд, ки дар ин ҷо боғҳо шукуфанд, шаҳрҳо бунёд шаванд, одамон оилаҳо барпо кунанд, то ин ки дигар садои тиру тӯп баланд нагардад.

Сохтмони Роғун – ин гули азими кайҳонист. Хушбахтам, ки бӯидани накҳати ин гул ба ман насиб гардид. Ташаккур, Роғун!»

Аз русӣ тарҷумаи
Мансур СУРӮШ 

Ноябрь 20, 2018 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд