«ТАШАККУР, РОҒУН!». Муроҷиати видеоии нависанда ва публитсисти маъруфи Россия Александр Проханов
ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16-уми ноябри соли 2018 дар Тоҷикистон агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба кор дароварда шуд.
Ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, нависанда, сенариянавис ва публитсисти номвари Россия Александр ПРОХАНОВ таассуроти худро аз боздиди НБО «Роғун», ки чанде пеш ба амал омада буд, дар навори видеоие чунин иброз доштааст.
«Ман дар тӯли умри худ бисёр чизро дидаам. Зиндагии бардавом ба ман имкон дод, ки офаридаҳои бузурги инсонҳо, аз ҷумла мусаввирону оҳангсозонро бубинам, аз харобиҳо дидан кунам, бист ҷангеро, ки дар рӯи замин рух доданд, бо чашми сар бинам. Ман корномаҳои инсонҳоро дидам, ҳам разолату ҳам хиёнатро.
Ман ҳамеша ба ваҷд меоям, вақте дар ҷойи харобаҳо ва фоҷиаҳо гулистонҳо, офаридаҳои мӯҳташами дасти инсонҳо пайдо мешаванд. Дар Роғун ман дидам, ки дар ҷое, ки ҳанӯз дар гузаштаи на он қадар дур ҷанг идома дошт, одамон ҳамдигарро қир мекарданд, мехостанд давлати ҷавонро барбод диҳанд ва ҳисси бадбинӣ ҳукмфармо буд, ногаҳон чунин «зебоии илоҳӣ» эҷод мегардад.
Ман «зебоии илоҳӣ» мегӯям, ҳарчанд ҳамаи корҳо дар зери замин амалӣ мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки ин зебоии зеризаминист, вале дар ҳама сурат он «илоҳист»!
Тоҷикони давлати нави тоҷикӣ, Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, муҳандисони бузург, бунёдкорон – онҳо ҳама ҷасурона зери замин даромаданд, кӯҳро шикофтанд ва як тамаддуни азими зеризаминӣ сохтанд, то ин ки баъд аз он маҷрои нур берун ояду Тоҷикистонро, олами атрофро, тамоми зиндагии рӯи Заминро мунаввар созад.
Биноан, чунин корномаро ҳаргиз надида будам. Чунин ба ҳам овардани азму ирода, техника ва неруро. Ҳатто даҳшат фаро мегирад касро аз фикри он, ки ин тамаддуни зеризаминӣ маҳсули тахайюли мову шумост, маҳмули нақша, хирад ва кашфиёти мову шумост.
Ин неругоҳ – як маъбади ба худ хос аст, ки дар он инсоният дар симои Тоҷикистон ва тоҷикон таманнои ояндаи худ мекунад, орзу менамояд, ки дар ин ҷо боғҳо шукуфанд, шаҳрҳо бунёд шаванд, одамон оилаҳо барпо кунанд, то ин ки дигар садои тиру тӯп баланд нагардад.
Сохтмони Роғун – ин гули азими кайҳонист. Хушбахтам, ки бӯидани накҳати ин гул ба ман насиб гардид. Ташаккур, Роғун!»
Аз русӣ тарҷумаи
Мансур СУРӮШ








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад






