Теннисбоздухтарони тоҷик дар Малайзия соҳиби ду медал гардиданд
ДУШАНБЕ,29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавондухтарони теннисбози тоҷик Ёсуман Салимова ва Диана Иванихина дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия сазовори медал гардиданд.
Тавре корманди Федератсияи тенниси Тоҷикистон Далер Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин мусобиқа Ёсуман Салимова миёни иштирокчиёни то 10-сола ба финал роҳ ёфт, вале аз теннисбози мизбон мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра шуд.
Диана Иванихина миёни иштирокчиёни то 15-сола медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар даври нимфинал аз теннисбози Чин мағлуб шуд.
Айни замон дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба теннис бо роҳбарии сармураббӣ Абдурасул Муҳиддинов дар Малайзия қарор дорад. Даста ба ҷамъомадҳои машқию таълимӣ фаро гирифта шуда, дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад. Варзишгарони мо сазовори хол гардида, ба раддабандии ҷаҳонӣ, ки солҳо боз номи варзишгарони тоҷик дар он нест, ворид мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати Аҳмад Алмовов, Ёсуман Салимова, Диана Иванихина, Хушбахт Каримов, Исамҷон Шарифов ва Аминҷон Абдуллоев 29-30 ноябр дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар Малайзия ширкат мекунад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






