«ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ: БО РОҲИ ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ». Намоишгоҳи таърихӣ ва ҳуҷҷатиро китоб-феҳрасте, ки имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш дода мешавад, муаррифӣ мекунад

Ноябрь 22, 2018 09:01

ДУШАНБЕ, 22.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, нимаи аввали имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳи таърихӣ ва ҳуҷҷатии «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки зимни он китобфеҳрасти  ҳамном муаррифӣ мегардад, баргузор мешавад.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои мухтасари зеринро оид ба намоишгоҳи таърихӣ ва ҳуҷҷатӣ ба АМИТ «Ховар» манзур намуд.

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ:
БО РОҲИ ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ
Душанбе, 22 ноябри соли 2018
(Роҳнамои мухтасар оид ба намоишгоҳи таърихӣ ва ҳуҷҷатӣ)

Намоишгоҳи таърихӣ ва ҳуҷҷатӣ аз 6 бахш ва 5 зербахши алоҳида иборат мебошад:

Бахши 1. Дар оғози роҳи муштарак: робитаҳои таърихии Россия ва Тоҷикистон дар охири асри 19 ва аввали асри 20

Дар ин бахш бахшида ба марҳилаи ибтидоии муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Россия 16 нигора пешниҳод гардидаанд. Дар ин ҷо аксҳо ва аксҳои ҳуҷҷатӣ, ки таҷассумкунандаи ҳаёт ва зиндагии мардуми тоҷик, ифтитоҳи мактабҳо, бунёди иншооти гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ, таъсиси вилояти Туркистон, мактуби аҳолӣ ба императори Россия ва ғайра мебошанд, ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба ҳайати давлати Россия нуқтаи асосии роҳи муштараки таърихии Россия ва Тоҷикистон гардид.

Бахши 2. Солҳои муваффақиятҳои бузург: 1925 — 1941

Дар бахши мазкур нигораҳо дар бораи эълон гардидани ҶМШС Тоҷикистон, ташкили аввалин колхозҳо, ташкилотҳои пионерӣ, азхудкунии заминҳои нокорам дар водии Вахш, тайёркунии факултаҳои корӣ, сохтмони Канали бузурги Фарғона, ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ намудани Кӯҳистони Бадахшон, таъсис додани ҶШС Тоҷикистон, рушди санъати миллӣ ҷой карда шудаанд. Дар ин бахш ҳамагӣ 50 нигора мебошад.

Бахши 3. «Онҳо барои Ватан мубориза бурданд»: қаҳрамонии мардуми Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар ин бахш 17 акси ҳуҷҷатӣ аз бойгонӣ оид ба қаҳрамонии тоҷикистониҳо дар ҷабҳаҳои ҶБВ ва меҳнати фидокоронаи аҳолӣ дар ақибгоҳ манзур шудааст. Дар ин ҷо меҳмонон метавонанд бо ҳуҷҷатҳои мукофотҳои қаҳрамонҳои Тоҷикистон шинос шаванд. 54 сарбози Тоҷикистон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 14 нафар бо ордени Шараф ва беш аз 50 каси дигар бо ордену медалҳои ИҶШС сарфароз гардонида шуданд.

Бвхши 4. Давраи созандагии осоишта (1945-1991)

Дар бахши мазкур 51 акси ҳуҷҷатҳо, ки меҳнати осудаву созандагиро пас аз ҶДҶ ифода мекунанд, ба намоиш гузошта шудаанд:

  • Қарори Шӯрои Комиссарони халқии ИҶШС таҳти № 1705 «Дар бораи тадбирҳо оид ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзии ҶШС Тоҷикистон» (24 декабри соли 1944);
  • Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС таҳти № 4220 «Дар бораи таъсис додани Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон» (9 октябри соли 1950);
  • Мактуби котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Турсунбой Улҷабоев ва Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Назаршо Додхудоев ба Раиси Банақшагирии давлатии ИҶШС Алексей Косигин оид ба сохтмони НБО «Норак» дар дарёи Вахш аз соли 1963 (21 майи соли 1959).
  • Дар ин бахш доир ба муваффақиятҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи рушди иҷтимоию иқтисодӣ тасвирҳои зиёд ҷойгир мебошанд.
  • Ҳамчунин дар ин ҷо нигораҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Тоҷикистон дар соли 1989 ҷой карда шудаанд.

Бахши 5. Марди замон. Ба 110-солагии Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст

Соли 2018 барои Россия ва Тоҷикистон муҳим мебошад, зеро дар ин сол 110-солагии Ғафуров Бобоҷон Ғафурович таҷлил мешавад.

Зиёда аз 400 кори илмӣ, ки зери роҳбарии ӯ анҷом дода шудаанд, дар фонди шарқшиносии ватанӣ ҷойгоҳи хосса доранд.

Хизматҳои Б. Ғафуров бо мукофотҳои олии давлатӣ, аз ҷумла бо 6 ордени «Ленин», бо ордени «Парчами Сурхи меҳнат» ва дигар медалҳо қадрдонӣ шудаанд. Соли 1997 ба ӯ пас аз вафоташ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон, ки мукофоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дода шуд.

Дар ин бахш аксҳои ҳуҷҷатӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти академики АИ ИҶШС Бобоҷон Ғафуров дар мақоми котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон ва директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС ҷой дода шудаанд. Дар маҷмӯъ, 19 нигора, аз ҷумла баромадҳои Бобоҷон Ғафуров дар бораи сохтмони роҳи оҳан, таъмини неруи барқ ва сохтмони НБО «Варзоби поён», омодасозии кадрҳо, бунёди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷойгиранд.

Бахши 6. Россия ва Тоҷикистон: бо ҳам дар ҷаҳони глобалӣ. Равобити сиёсӣ

Дар ин бахш 40 ҳуҷҷат ва аксҳои таҷассумгари ташаккул ва рушди робитаҳои сиёсӣ, муносибатҳои дипломатӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш шудаанд.

Равобити эътимодбахш миёни сарони ду давлат-Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкории стратегии Россия ва Тоҷикистон такони асосӣ мебахшад.  Бисёре аз нигораҳои дар ин бахш ҷойдода таҷассуми мулоқотҳои сатҳи олӣ миёни президентҳои ду давлатанд.

Бахши 6. Россия ва Тоҷикистон: бо ҳам дар ҷаҳони глобалӣ. Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ тамоюли мусбат нишон медиҳанд. Россия шарики асосии тиҷоратӣ ва сармоягузори Тоҷикистон мебошад. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 корхона бо сармояи Россия бомуваффақият фаъолият мебаранд, ки ҷойҳои нави кориро ташкил кардаанд.

Дар ин бахш 30 нигора дар бораи марҳилаҳои асосии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷой дода шудаанд. Бисёре аз аксҳо дар бораи ташкил ва рушди заминаи меъёрию ҳуқуқии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла созишномаҳо оид ба кооператсияҳои истеҳсолӣ, алоқаи нақлиётӣ ва ҳавоӣ, пешгирӣ аз андозбандии дукарата ва ҳифзи муҳити атрофанд.

Бахши 6. Россия ва Тоҷикистон: бо ҳам дар ҷаҳони глобалӣ. Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ

ҶТ ва ФР дар доираи СААД минтақаи ягонаи бехатарӣ доранд. Дар таъмини амнияти Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-и Россия нақши махсус дорад.

Дар бахши мазкур 32 нигора, ки таҷассуми шакл ва самти ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни ду кишваранд, ҷой дода шудаанд. Бисёре аз аксҳо доир ба ташкил ва рушди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт, аз ҷумла созишномаҳо дар бораи ҳамкории истеҳсолӣ ва илмиву техникии корхонаҳои соҳаи мудофиа, ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропию истеъмоли онҳо ва масъалаҳои марзианд.

Бахши 6. Россия ва Тоҷикистон: бо ҳам дар ҷаҳони глобалӣ. Илм ва маориф, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ

Муносибатҳои Россияву Тоҷикистон дар соҳаҳои маорифу илм, фарҳангу санъат, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ хеле пурмаҳсуланд. Лоиҳаҳои калон дар соҳаи ҳифз ва таҳкими забон ва фарҳанги рус дар Тоҷикистон ва тарғиби фарҳанги тоҷик дар Россия татбиқ мешаванд.

Дар ин бахш 18 акси ҳуҷҷатӣ дар бораи робитаҳои анъанавӣ дар соҳаи гуманитарӣ ҷойгиранд. Аксҳои ҷойгиршуда доир ба созишномаҳо дар соҳаи ҳамкории илмию техникӣ; рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму техника, маориф, тандурустӣ, иттилоот, варзиш, сайёҳӣ, инчунин миёни ташкилотҳои ҷавонон мебошанд.

Бахши 6. Россия ва Тоҷикистон: бо ҳам дар ҷаҳони глобалӣ. Ҳамкории бисёрҷонибаи Россия ва Тоҷикистон: ИДМ, СААД, СҲШ

Дар ин зербахш 26 акси ҳуҷҷатӣ дар бораи ҳамкории бисёрҷанбаи ҶТ ва ФР дар шакли бисёрҷониба гузошта шудааст.

Аксҳои гузошташуда доир ба ҳамкорӣ дар доираи шаклҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама, дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ мебошанд.

Мероси таърихию фарҳангии умумӣ, мувофиқати манфиатҳо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни Россия ва Тоҷикистон заминаи эътимодбахш фароҳам оварда, имконият медиҳанд, ки ба ояндаи муносибатҳоямон бо эътимод нигарем.

Ноябрь 22, 2018 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд