В. ЖИРИНОВСКИЙ: «ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОРОМӢ ҲАМЕША ҲУКМФАРМО ХОҲАД БУД». Сарвари ҲЛДР дар бораи сафари худ мулоҳизаҳояшро дар Фейсбук навиштааст

Ноябрь 1, 2018 11:45

ДУШАНБЕ, 01.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони  Думаи давлатии Россия таҳти роҳбарии Раиси Ҳизби либерал-демократии Россия Владимир Жириновский бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ пешвоз гирифтанд.

Дирӯз В.В. Жириновский дар саҳифаи худ дар Фэйсбук чунин сабт навиштааст:

«Мо бо вакилони ҲЛДР ба Тоҷикистон омадем.

Ҳайати қабулкунанда моро  бо расму оин ва  меҳмоннавозии шарқиёна — нону намак ва рақсу суруди миллӣ истиқбол намуд.

Дар Тоҷикистон оромӣ ҳамеша пойдор хоҳад буд, дар ин ҷо задухӯрдҳои мусаллаҳона чун дар  Афғонистон ва Сурия ба вуқӯъ намеоянд. Мо муносибати некхоҳона бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем. Ҳамкорӣ ба манфиати ҳамагон аст.

Ман бо раиси Парлумон, профессорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон мулоқот менмоям. Бо мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон шинос хоҳам шуд».   

Ёдовар мешавем, ки дирӯз пас аз нисфирӯзӣ меҳмонон аз шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода дидан намуданд. Онҳоро муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳамроҳӣ намуд. Дар шаҳри Турсунзода роҳбари ҲЛДР бо  фаъолияти ширкати алюминии Тоҷикистон шинос гардид ва дар ҳамон ҷо бо ҷамоати русзабонони шаҳри Турсунзода мулоқот намуд. Ба меҳмон китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро  тақдим намуданд.

Сипас Жириновский аз ангурзори деҳқони асил Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дидан намуд. Деҳқонон дар ин ҷо Жириновскийро бо таоми миллии тоҷикон- қурутоб меҳмоннавозӣ карданд, ки ба ӯ хеле писанд омад: ӯ тибқи анъанаи миллӣ  таомро бо даст истеъмол намуд.

Дар меҳмонхонаи маҳаллии «Ширкент» ба хотири сафари Жириновский зиёфат ороста шуд, ки меҳмон зимни он зери таронаҳои русӣ дар иҷрои сарояндагони тоҷик рақсу хурсандӣ кард.

Роҳбари ҲЛДР ба ҳафт нафар хонандагони мактабҳои миёнаи маҳаллӣ, ки баҳри меҳмон рақсҳои миллӣ иҷро намуданд,  корти ташрифот тақдим намуда, ваъда дод, ки баъд аз хатми мактаби миёна  барои дохил шудан дар мактабҳои олии Федератсия Россия мусоидат хоҳад кард.

«Имрӯз, 1 ноябр мулоқоти ҳайати  Думаи давлатии Россия таҳти роҳбарии Владимир Жириновский бо Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар  назар аст»,-хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Бино ба суханҳои ӯ, инчунин 1 ноябр мулоқоти В.Жириновский бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир хоҳад гашт.

Тавре интизор меравад, рӯзи панҷшанбе ҳайати парлумони Россия аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бозори «Меҳргон»-и пойтахт дидан менамояд.

Ноябрь 1, 2018 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид