Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид менамоянд

Ноябрь 26, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 26.11.2018. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, зимни баррасии масъала Раиси кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон Ҷурахон Маҷидзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни зикршуда бо мақсали мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати бартараф  намудани мухолифати байни онҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ҷурахон Маҷидзода Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»-ро низ баррасӣ намуда, афзуд, ки он бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон»-ро ба аъзои Шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насридинзода баррасӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар лоиҳа моддаи 21 Қонуни амалкунанда дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод гардида, мувофиқи он ваколати ба шахс додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ба субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд (Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук), вогузор шуд.

Ноябрь 26, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ