Вакилони Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо ва мулоқоти гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Белгия ба шаҳри Брюссел сафар намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, сафари ҳайати вакилони Парлумони мамлакат таҳти роҳбарии раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода бо даъвати парлумонҳои Аврупо ва Шоҳигарии Белгия сурат гирифт.
Би иттилои манбаъ, сафари мазкур то 1 декабри соли равон идома ёфта, вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа сухан мегӯянд.
Мавриди зикр аст, ки ба ҳайат раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода, вакилон Насиба Содиқова, Ҳоким Холиқзода, Ҷаббор Ахмедов ва Шарофиддин Сироҷов шомил мебошанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






