Варзишгари навраси тоҷик Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот дар Тошканд сазовори медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 26.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгардухтари навраси тоҷик Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра гардид.
Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷони Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Зикр шуд, ки Чемпионати Осиё дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни наврасон аз 16 то 23 ноябри соли 2018 бо иштироки варзишгарони 11 давлати қораи Осиё доир гардид.
Бояд зикр кард, ки дар ин чемпионат 300 нафар варзишгар байни ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар миёни 300 нафар варзишгардухтари навраси тоҷик Сабрина Абророва бо нишон додани беҳтарин малакаю маҳорат сазовори медали нуқра гардид ва ба ифтихораш Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуд.










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






