Варзишгарони шинохтаи тоҷик дар Гран-прии Тошканд иштирок мекунанд

Ноябрь 7, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 7.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони шинохтаи  тоҷик дар Чемпионати байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки аз 9 то 11 ноябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд. 

Тавре аз  Федератсияи дзюдои Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар Гран-прии Тошканд иштироки 383 варзишгар (217 мард ва 166 зан) аз 48 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов 15 варзишгар дохил аст, ки 13 нафари онҳо- Иброҳим Абдуллоев (-60 кг), Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Ёқубҷон Боқиев (-66 кг), Идибек Тоиров (-66 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Эмомҷон Камолов (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шарифҷон Назриев (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) дар сабқати мардона ва 2 нафар- Фазилат Гулбоева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57 кг) дар сабқати занона ширкат меварзанд.

 

Ноябрь 7, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд