ЗАРУРИЯТИ ИДЕЯҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР. Курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ шурӯъ гардид

Ноябрь 30, 2018 16:52

ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ гардид. Дар он 66 нафар муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд.

Мувофиқи ҷадвали машғулиятҳои курси такмили ихтисос, дар баробари омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Донишкада, намояндагон, коршиносони сохтору мақомоти кишвар, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи модулҳои таълимии «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави геополитикӣ, «Бархӯрди кишварҳои абарқудрат ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон», «Нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон», «Саҳми хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав», «Сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ», «Идеологияи миллӣ: заминаҳо ва дурнамо», «Ташаккули Тоҷикистон ва низоми идоракунии он», «Зарурати идеяҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир» маърӯза-суҳбатҳо мегузаронанд.

Дар доираи курси мазкур дар баробари азбаркунии донишу малака табодули таҷриба аз раванди кории минтақаҳои гуногуни кишвар ба миён меояд, ки ба пешбурди фаъолияти шунавандагон мусоидат хоҳад кард.

Ноябрь 30, 2018 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст