10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2018 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини соли 2018- ро муайян кард. Дар ин бора раиси Ассотсиатсияи мазкур Нарзулло Латипов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар асоси назарсанҷии хабарнигорони варзишӣ ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол инҳо дохил шуданд:
Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ғолиби Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup).
Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, чемпиони дукаратаи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола.
Беҳрӯзи Хоҷазода (кураш ва самбо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба кураш ва медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо.
Комроншоҳи Устопириён (дзюдо ва самбо) – барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба дзюдо ва самбо, ғолиби Гран-прии дзюдо дар Анталия.
Шакармамад Мирмамадов (дзюдо) — барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ.
Хушқадам Хусравов (самбо) – чемпиони ҷаҳон;
Сорбон Латифов (самбои размӣ) — барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон.
Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё.
Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – ғолиби Ҷоми Осиё, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон.
Идимоҳ Холова (бокс) – барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






