22 декабр-Рӯзи энергетикҳо: таъмини рушди устувори соҳа ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 22.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 декабр, дар рӯзи кӯтоҳтарини сол энергетикҳои Тоҷикистон иди касбии худро ҷашн мегиранд. Таҷлили Рӯзи «гармию равшанӣ» дар Тоҷикистон, яъне Рӯзи энергетикҳо ба мавриди истифода қарор гирифтани НБО «Варзоб – 1» иртибот дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуда, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми тадбирҳои судмандро меандешад. Ҳамасола бунёду ба истифода додани неругоҳҳои хурду миёна Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиқлолияти комили энергетикӣ наздик мекунад. Соли 2018 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ аст. Зеро Тоҷикистон агрегати якуми сарбанди баландтарини ҷаҳон-НБО «Роғун»-ро ба кор даровард.
Дар робита ба рушди низоми энергетикии Тоҷикистон андешаҳои Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо ИСМОИЛЗОДА манзури хонандагон мегардад.
-Омӯзиши захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, сохтмони аввалин неругоҳҳои барқи обӣ ва инфрасохтори энергетикӣ дар кишвари мо аз солҳои сиюми асри гузашта оғоз гардид. Аввалин неругоҳи барқи обии Тоҷикистон НБО «Варзоб» охири соли 1936 ба истифода дода шуда, соли 1937 барқи он ба пойтахти ҷумҳуриамон — шаҳри Душанбе интиқол ёфт. Иқтидори он 3720 кВт буд.
Баъд аз ин пайи ҳам неругоҳҳои барқии «Варзоб-2» (соли 1949 бо иқтидори14,4 ҳазор кВт) ва «Варзоб-3» (соли 1952, бо иқтидори 3,52 кВт) бунёд ёфтанд. Ҳарчанд ин иқтидорҳо дар муқоиса ба неругоҳҳое, ки имрӯзҳо бунёд мегарданд, хеле кам бошанд ҳам, вале барои он давра дастоварди калон ба шумор рафта, сабаби тараққиёти саноат ва дигар соҳаҳои халқи кишварамон мегардиданд.
Баъди ин дар Тоҷикистон неругоҳи «Қайроққум», силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Вахш», чанд неругоҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои пуриқтидори «Норак»-у «Бойғозӣ» бунёд ёфтанд. Онҳо иқтидори истеҳсолии барқро дар кишвари мо хеле афзун намуда, имконият фароҳам оварданд, ки тамоми хоҷагии халқи мамлакат электрикунонида шавад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, махсусан баъди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи наву муҳим ва сифатан нави рушди соҳаи энергетика оғоз ёфт.
Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии «Душанбе», садҳо неругоҳҳои хурдӣ барқи обӣ ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин, яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар солҳои истиқлолият амалӣ гашт, албатта, таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда буд. Чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии неругоҳҳои «Норак», «Қайроққум», «Сарбанд» ва «Варзоб» амалӣ гардида истодааст. Соли равон баъди таҷдид як агрегати неругоҳи «Сарбанд» низ ба истифода дода шуд.
Бо дастури Пешвои миллат аз соли 2006 марҳилаи аввали таҷдиди НБО «Норак» оғоз ёфт. То ин дам чархаи кории агрегатҳои №3 ва № 8 иваз карда шуда, тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимотии кушодаи -220кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии ДТПЭ – 220 кВ ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи -500 кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии ДТПЭ – 500 кВ иваз карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки бори аввал дар таърихи неругоҳ таъмири асосии дарбанди куравӣ гузаронида шуд.
Бунёди хатҳои барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и «Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Роғун – Душанбе-500», «Айнӣ-Панҷакент», таҷдид ва ё иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии шабакаҳои барқӣ ҳам соҳаро нигоҳ дошт ва ҳам иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқиро дар ҷумҳурӣ хеле беҳ намуданд.
Махсусан, ба истифода додани Хатти интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол», ки системаи энергетикии моро муттаҳид сохт, хеле муҳим буд. Дар солҳои мавҷудияти системаи энергетикии Тоҷикистон қисмати ҷануб ва маркази Тоҷикистон, ки вобаста ба шароити табиӣ қисми зиёди иқтидорҳои энергетикӣ дар ин ҷо воқеан, аз шимоли кишвар ҷудо буд. Дар дигар мамолик ва кишварҳо низ хатҳои интиқоли барқ бунёд меёбанд, вале дар чунин шароит ва релефи мураккаб бунёд намудани хати интиқоли барқи баландшиддат амали хеле ҷасурона ва шоистаи таҳсин мебошад.
28 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хати интиқоли барқи 220- киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ»-ро баъди таҷдиду навсозӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин мушкилии таъминоти барқи шаҳри Панҷакент ва атрофи онро, ки солҳои қаблӣ бо хати интиқоли барқи мавҷудаи 110 кВ ҳатто дар фасли тобистон бо неруи барқ пурра таъмин набуд, пурра ҳал кард .
Бояд хотиррасон намуд, ки дар давраи истиқлолият вобаста ба пешрафти иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти мардум талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Масалан, шумораи аҳолии кишвар афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо ва ҳазорҳо манзили истиқоматии нав бунёд шуданд, ки ин ҳама ба истеҳсоли неруи барқи иловагӣ эҳтиёҷ доранд.
Бо вуҷуди ин, солҳои охир бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи энергетика рушду тараққӣ ёфта, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ- яке аз ҳадафҳои стратегии давлат корҳои зиёд амалӣ шуданд.
Овардани ҳамин далел кофист, ки дар давраи истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун» ба қадри 1300 МВТ зиёд шуд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб аст.
Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ шудани нақшаҳои муҳими энергетикии кишвар бобати ташкил ёфтани бозори байналмилалии барқ, аз ҷумла, бунёди лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» 12 майи соли 2016 бо иштироки сарварони ду давлати Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ду давлати Осиёи Ҷанубӣ – Афғонистон ва Покистон расми тантанавии оғози сохтмони он баргузор гардид. Соли 2018 тамоми қарордодҳои ин лоиҳа ба имзо расиданд.
Чун самараи неку муваффақона дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонро соҳиб аст. Дар ҳамин замина, 2 апрели соли 2018 соати 16.50 дақиқа хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи Гулча (Ӯзбекистон) зери шиддат монда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт.
Баъди ин додугирифти неруи барқ байни ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт, ки ин ҳамкории мутақобилан судманд мебошад.
Алҳол роҳбарият ва мутахассисони ширкати «Барқи Тоҷик» дар мусоидат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талошро ҷиҳати пайваст намудани низоми энергетикии мамлакат ба ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки он тавассути низоми энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад, равона намуда, як қатор корҳои таъмиру барқарорсозиро дар хатҳои барқи баландшиддати кандашуда ба анҷом расонданд. Он рӯз дур нест, ки кишвари мо ба ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ боз пайваст гардида, ҳамкории энергетикҳои тоҷик дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ вусъати тоза мегирад.
Ба кор сар кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 ҳодисаи муҳими таърихӣ буд.
Халқи тоҷик дар атрофи Сарвари худ зич муттаҳид шуда, аз ин имтиҳони муҳими таърих гузашт ва ормони миллии мо амалӣ гардид.
Ман аз ин минбари баланд бо камоли масъулияти касбӣ ва боварӣ изҳор менамоям, ки агар ҷасорати бузург, иродаи қавӣ ва обрӯи баланди сатҳи байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсир намегузошт, ин неругоҳ бунёд намешуд.
Ба касе пӯшида нест, ки энергетика зерсутуни тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба шумор рафта, пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба он вобастагии қавӣ дорад. Соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ гарчанде 2,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил диҳад ҳам, аммо асоси рушди соҳаҳои истеҳсоли алюминий ва кишоварзии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ин ду соҳа зиёда аз 20%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 50%-и содироти ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, рушди устувори соҳаи электроэнергетикаи кишварро таъмин намудан маънои ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ноил гардиданро дорад.
Дар даврони истиқлолият низ дар заминаи зина ба зина амалӣ шудани сиёсати энергетикии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки сол то сол таъминоти мардум бо неруи барқ беҳтар гардад.
Ин ҳама имконият фароҳам овард, ки аз 14 январи соли 2016 сар карда, маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шуд. Алҳол аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ҳатто дурдасттарин деҳоти мамлакат бисту чор соат бо барқ таъминанд. Ногуфта намонад, ки мо кишвари худро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар пурра бо неруи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодаем, ки дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳоло мо бояд кӯшиш намоем, ки дар таъмини барқ ягон халал ворид нагардад ва мардуми кишвар дар фасли сармо пурра бо барқ таъмин бошанд. Ин обрӯву эътимоди энергетикаи тоҷик ва ҳар яки мо-энергетикҳоро афзун сохта, сабаби пешрафти муназзами иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар мегардад.
Бешубҳа, энергетика дар кишвари мо рӯ ба рушду тараққист ва ба ҳалли проблемаҳои он ҳам дар сатҳи баландтарини давлату Ҳукумат ва ҳам мутахассисону кормандони Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷиддӣ машғуланд. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳз ба ҳамин вобастагӣ дорад.
Вобаста ба ин, дар Паёми гузаштаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ таъкид шудааст: «Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем».
Ман бовар дорам, ки кормандони соҳаи энергетикаи кишвар аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода мебаранд, то ин мақсади наҷиб ҳарчи тезтар амалӣ гардад.
Бо ин орзуву омоли неку фараҳбахш ҳамаи кормандони соҳаи барқро, ки ба кори муқаддасу фоиданок-офаридани нуру ҳарорат машғуланд, ба муносибати Рӯзи энергетикҳо самимона табрик гуфта, дар фаъолият ва зиндагиву рӯзгорашон барору комёбиҳо орзумандам.