74 нафар варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд

Декабрь 5, 2018 17:06

ДУШАНБЕ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз таҳти раёсати Азим Иброҳим—муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои комиссия, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ширкат варзиданд.

Дар рўзнома як масъала – муҳокимаи номзадҳои пешниҳодшуда барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2018 пешбинӣ шуда, аз ҷониби аъзои комиссия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо қарори худ 74 нафар варзишгаронро, ки соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардошта, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, барои гирифтани ҷоизаи зикршуда дар соли равон пешниҳод намуд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Азим Иброҳим — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи зикршуда вобаста ба вусъат бахшидани фаъолияти федератсияҳои варзишӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ, таъмини омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарону ҳайати мураббиён барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалии минбаъда ва дар маҷмуъ, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Хотиррасон бояд шуд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Сарвари давлат аз 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расида, соли 2016  бисту як нафар ва соли 2017  бисту шаш нафар  варзишгарон  соҳиби ин ҷоиза гардиданд.

Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.

 

Декабрь 5, 2018 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд