Ҳаким Фузайлов сармураббии дастаи футболи «Истиқлол» таъйин гардид

Декабрь 4, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол» Ҳаким Фузайловро ба вазифаи сармураббии бошгоҳ таъйин намуд. Дар ин бора ба мухбири  АМИТ «Ховар»  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Шартнома байни дастаи футболи «Истиқлол» ва сармураббӣ 3 декабр ба имзо расид. Дар назди мутахассиси ҳамватанамон дар ҳама мусобиқаҳое, ки қаҳрамони 7-каратаи кишвар ширкат мекунад, ҳадафҳои бузург гузошта шудаанд. Ҳаким Фузайлов рӯзҳои наздик расман ба аҳли даста муаррифӣ мешавад ва сипас ба кор шурӯъ хоҳад кард.

Ба Фузайлов дар даста Алишер Тӯхтаев, ки то ин дам сармураббии даста буд, ва Александр Кит, ки ба тамринҳо бо дарвозабон ҷавобгар аст, кумак хоҳанд кард.

«Пеш аз ҳама ин масъулияти калон мебошад, зеро сол аз сол «Истиқлол» нишон медиҳад, ки ӯ боқувваттарин бошгоҳи кишвар аст ва Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои бонуфузи Осиёӣ муваффақона намояндагӣ мекунад. Гурӯҳи калони футболбозни ин бошгоҳ дар дастаҳои яккачини гуногуни кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд ва ин масъулиятро боз ҳам бештар мекунад. Фаъолият кардан дар бошгоҳе, чун «Истиқлол» хеле гуворост, зеро назди даста дар мусобиқаҳои бонуфуз ҳадафҳои бузург гузошта шудаанд»,– гуфт Фузайлов пас аз таъйин гардидан ба ҳайси сармураббии дастаи футболи «Истиқлол».

Ёдовар мешавем, ки   шурӯъ аз моҳи апрели соли 2016 то моҳи марти соли 2018 Ҳаким Фузайлов сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ҳамчунин ӯ сармураббии дараҷаи «Pro» ба шумор меравад.

Декабрь 4, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд