АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар муассисаҳои тиббӣ усулҳои муосири ташхис ва табобатро ҷорӣ менамояд

Декабрь 25, 2018 16:11

ДУШАНБЕ, 25.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаи мазкур як силсила мушкилот боқӣ мондаанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд. Ин нуктаро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  манзури Паёми навбатии  худ  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуданд.

Дар баробари гуфтаҳои худ Пешвои миллат оид  ба бартараф намудани як зумра камбудиҳои дигар, ки  дар ин соҳа дида мешаванд,   ба Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастуру супоришҳо доданд.

 Дар робита ба иҷрои ин супоришҳо ва корҳои анҷомдодаи вазорат  дар соли равон  мухбири АМИТ «Ховар» бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода  суҳбат намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои амалӣ гардидани  нуктаҳои дар Паём овардашуда тадбирҳои мушаххас андешида,  давоми соли равон дар назди худ вазифа гузошт, ки ҳарчӣ бештар усулҳои муосири ташхис ва табобатро дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҷорӣ намояд. Ҳадаф аз ин кам кардани шумораи беморонест, ки барои табобат ба берун аз ҷумҳурӣ фиристода мешаванд. Амали мазкур ба иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Имрӯз корҳо дар ин самт натиҷа дода, шумораи эҳтиёҷмандон барои ташхису табобат дар берун аз кишвар хеле коҳиш ёфтааст.

«Тайи солҳои охир дар муассисаҳои тиббии мамлакат як зумра амалиёти муосири ҷарроҳӣ, аз ҷумла бартарафнамоии нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, ҷарроҳиҳои мураккаби дилу рагҳо, роҳандозӣ карда шуданд. Инчунин дар кишвар амалиёти пешқадами  иваз намудани буғуми косу рон ва зону ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, аз ҷумла тасҳеҳи лазерии биноӣ ва ҷарроҳиҳои чашмпарда (катаракта), пайвандсозии қарния,  ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй, инчунин истифодаи васеи дастгоҳи эндовидеоӣ ҳангоми ҷарроҳиҳои батнӣ ва ҷарроҳиҳои асаб, ҷарроҳиҳои нодир ҳангоми саратони сурхной мавриди истифода қарор гирифтанд. Бояд гуфт, ки тӯли   10-15 соли охир барои табобати ин гуна бемориҳо ва мушкилоти мазкур беморон ба хориҷи кишвар сафар менамуданд» — зикр намуд ҳамсуҳбат.

Ба зикри  мусоҳиб, то имрӯз дар мамлакат ба зиёда аз 460 нафар амалиёти пайвандсозии гурда ва 32 нафар амалиёти пайвандсозии ҷигар анҷом дода шуд. Аз ин шумора 77 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Инчунин М.Камолзода оид ба  самти  назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дода зикр намуд, ки  давоми сол дар 757 адад муассисаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳо  тадбирҳои мушаххас андешида,    нисбат ба 433 нафар кормандони тандурустӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи умумии 307  ҳазору 250 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуданд. Инчунин  фаъолияти 37 адад муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шуд.

«Бо мақсади иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардида буданд,  мутобиқи  моддаи 169 Кодекси андози ҶумҳурииТоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон-иловаҳо, «Воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли маводи доруворӣ» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Инчунин фурӯши маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд», -изҳор намуд ҳамсуҳбат.

Ҳамзамон соли равон дар давраи аз Паём то Паёми навбатӣ дар дохили кишвар 3 муассисаи фарматсевтии истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ватанӣ ифтитоҳ ёфтанд. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»-ро 5 ноябри соли 2018 ифтитоҳ бахшида, аз масъулину мутахассисони корхона истеҳсоли маҳсулоти тиббии баландсифат ва бандубасти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалиро тақозо намуданд,- илова намуд номбурда.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

«Аз ҷумла, то 1 декабри соли 2018 дар 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди онҳо барои оилаҳои камбизоат таъйин ва пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ  пешбинӣ гардидааст, ба 82 ҳазору 174 оилаҳои камбизоат ба андозаи 164 миллиону  124 ҳазору 111  сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ пардохт гардида, ба 111 ҳазору  717 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 1 миллиону 245 ҳазору  660 сомонӣ кумакпулӣ таъйин ва пардохта шуд. То 1 декабри соли 2018 дар 40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ  ба 101  ҳазору 373  нафар гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ  ба маблағи зиёда аз 30  миллиону 174 ҳазору 600 сомонӣ кумакпулӣ таъйин ва пардохт гардид»,- баён дошт М. Камолзода.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2018 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус