Бонувони Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2018 медали биринҷӣ гирифтанд
ДУШАНБЕ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар бозӣ бо дастаи бонувони Афғонистон дар ҳайати дастаи бонувони мо Мадина Фозилова, Шукронаи Ҷумъахон дуголӣ, Лайло Ҳалимова як гол ба ҳадаф расониданд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2018 гардид. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Тошканд доир гашт, дастаи мунтахаби бонувони мо бо роҳбарии Сулаймон Бобокалонов аз 12 холи имконпазир 6 хол ба даст оварданд. Футболбозбонувони мо бар дастаҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғалаба карда, аз дастаҳои Ӯзбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) мағлуб шуданд.
Дастаи бонувони Ӯзбекистон, ки дар ҳар 4 бозӣ ғалаба кард, ғолиби чемпионат шуд. Медалҳои нуқра насиби дастаи Эрон гардид. Қирғизистон ҷои чорум, Афғонистон ҷои панҷумро ишғол карданд.
Пас аз натиҷагирии Чемпионати CAFA дар Тошканд дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар баробари медалҳои биринҷӣ ҳамчун дастаи боинтизоми чемпионат ҷоизаи фахрии «Fair play»-ро сазовор шуд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






