Дар Душанбе ду нафар бо ҷурми дуздии махсусан калони хокаи либосшӯӣ дастгир гардиданд

Декабрь 5, 2018 13:40

ДУШАНБЕ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар сокинони 22 ва 23-солаи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлонро дар шаҳри Душанбе бо ҷурми дуздии махсусан калони хокаи либосшӯӣ (айна) дастгир намуданд.

Тавре  аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ  «Ховар» хабар доданд, қаблан ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.

«Ин мард 23 октябри соли равон дар муроҷиати худ гуфт, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз анбори хонаи истиқоматиаш 196 адад  қуттиҳои хокаи либосшӯиро, ки арзишашон 64 ҳазору 540 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд»,- омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Ба иттилои манбаъ, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбаршудагонро боздошт намуданд.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

 

Декабрь 5, 2018 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад