Дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ беш аз чил масъала баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2018/АМИТ «Ховар»/. Аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон беш аз 40 масъалаи муҳими фарогири ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакатро дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз, 25 декабр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Фарҳод Раҳимӣ, Муҳаммадюсуф Имомзода, Раҳмоналӣ Амирзода масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллӣ ҷойдодашударо шарҳ доданд,- иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Озода Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» -ро тавзеҳ дода, зикр намуд, ки қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории гражданӣ қабул шудааст. Он шарту шароит, намудҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳои шартнома ва муносибатҳои дигарро вобаста ба гарав танзим менамояд. Аз ҷумла, масъалаи аз ҳисоби молу мулки соҳибкори инфиродии муфлисшуда қонеъ намудани талаботи қарздеҳони ӯ такмил дода шудааст. Яъне, ҳангоми муфлис шудани соҳибкори инфиродӣ, қарз аз ҳисоби фурӯши молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ба кредиторон ҷуброн карда мешавад.
Ҳамзамон Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми дуюм)»-ро шарҳ дода, зикр намуданд, ки қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории гражданӣ қабул шуда, он дар маҷмӯъ масъалаҳои гаравро танзим менамояд. Самти асосии қонуни мазкур ба таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва сари вақт пардохт намудани қарз аз ҷониби қарздор равона гардидааст. Озода Раҳмон афзуд, ки моддаи 527-уми Кодекс дар таҳрири нав ифода карда шуда, мувофиқи он харидор аз лаҳзаи ба таври кредит гирифтани мол, ҳуқуқу уҳдадориҳои моликро пайдо менамояд. То пурра пардохт шудани маблағ соҳибмулки ин мол фурӯшанда ба ҳисоб меравад. Инчунин тибқи илова ба моддаи 693-юми Кодекс иҷорадеҳ дар муносибатҳои лизингӣ ба ҳайси кредитор эътироф мешавад. Дар ин маврид иҷорагир нисбат ба объекти лизинг ҳуқуқи ихтиёрдорӣ пайдо менамояд. Қисми дуюми моддаи 879 низ дар таҳрири нав ифода ёфта, минбаъд маблағи кредитороне, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта шудаанд, дар навбати аввал ба инобат гирифта мешавад. Меъёри мазкур бо мақсади баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар қабул шудааст.
Ҳамзамон зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон зикр намуд, ки қонун бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти алоҳидаи Кодекси амалкунанда ба Кодекси тандурустӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва дигар санадҳо қабул шудааст. Дар ин замина ба 16 моддаи Кодекс тағйиру иловаҳо ворид гардида, моддаҳои 130 эзоҳи 2 ва 132-юми он хориҷ карда шудаанд.
Тибқи тағйироти дигар, мафҳуми савдои одамон, аз ҷумла кӯдакон дар таҳрири нав ифода карда шуда, таҳти мафҳуми «савдои одамон» минбаъд хариду фурӯши одам, анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ ва ҳаракатҳои ғаразнок ва ғайра фаҳмида мешаванд. Инчунин бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ пурзӯр карда шудааст. Ҳамзамон ба моддаи 239 қисми 2 илова гардида, барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ ҷавобгарӣ пурзӯр гардонида мешавад.
Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум ҳамзамон қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд ва интихоб намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.








Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






