Дар шаҳри Хоруғ «Маркази ташхису табобати тибби муосир» ифтитоҳ гардид
ХОРУҒ, 17.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои муҳташами Маркази ташхису табобати тибби муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои масъулини соҳа, ҳоло Маркази тиббӣ ба хизматрасониҳои машваратӣ ва ташхисӣ шурӯъ намуда, аз моҳи апрели соли 2019 дар Марказ бахши статсионарӣ пурра ба фаъолият оғоз менамояд. Ҳадаф аз ташкили марказ, пеш аз ҳама, мутобиқ кардани хизматрасонии тиббӣ ба меъёрҳои муосири тиббӣ дар ин минақа мебошад.
Марказ дорои 52 кати хоб буда, барои табобати беморон шароити сатҳи баланди муолиҷа фароҳам гардидааст. Таҷҳизоти муосири Марказ имконият медиҳанд, ки ташхиси беморон дақиқу дуруст гузаронида шавад.
Дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи тиббӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд. Зикр гардид, ки корҳои сохтмонии ин иншоот 25 майи соли 2017 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии меъморӣ қомат афрохт. Раванди корҳои созандагиро ширкати «Транс-Хоруғ» бар зимма дошт. Маркази ташхису табобати тибби муосир бо пешрафтатарин таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон, ки дар давлатҳои пешрафтаи дунё самаранок истифода карда мешаванд, ҷиҳозонида шудааст.
Ба корҳои сохтмонии Маркази тиббӣ 300 нафар мутахассисони маҳаллии ноҳияҳои вилоят ба кор ҷалб карда шуданд. Маркази тиббии мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Барои сохтмони он Бунёди Оғохон 24 миллион доллар ҷудо намуд, ки беш аз 15 миллион доллари он барои хариди таҷҳизот сарф гардидааст. Маркази ташхису табобати тибби муосир дар шаҳри Хоруғ дар майдони 2 гектар доман густурда, бо қомат афрохтани бинои муҳташам боз як гӯшаи ноободи шаҳр обод шуда, ба симои он ҳусни дигар зам гардид.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед ҳангоми ифтитоҳи маркази мазкур изҳор намуд, ки «бунёди ин марказ яке аз намунаҳои беҳтарини ҳамкории Ҳукумати кишвар бо бахши хусусӣ ба хотири баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст. Аз хизматрасонии ин марказ ҳамчунин сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ баҳраманд хоҳанд гашт. Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо ҳамсояҳои дуру наздики худ равобити мутақобилан судманд ба роҳ монад ва ҳарду ҷониб аз ин ҳамкорӣ манфиати баробар бардоранд. Ин муассисаи тиббӣ дар минтақа ҳамчун як маркази устувори соҳаи тандурустӣ хизматрасониҳои тиббиро бо сифати баланд ва сари вақт ба ниёзмандон пешкаш менамояд».
Шуъбаи озмоишӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, бо сифати баланд ташхиси биокимиёвӣ, гематологӣ, серологӣ, микробиологӣ ва ситологиро таъмин хоҳад кард. Дар Маркази тиббӣ 56 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор қабул шудаанд. Дар сурати пурра ба кор оғоз кардани марказ шумораи табибон ба 130 нафар расонида шуда, онҳо дар бахшҳои мухталиф ба маризон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар назар аст, ки бо истифода аз тибби фосилавӣ марказ бо Беморхонаи шаҳраки «Шифобахш»-и пойтахти мамлакат ва беморхонаҳои бонуфузи дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ ба роҳ монад.








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






