Дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилоят доир гардид
ДУШАНБЕ,11.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» — и маркази вилояти Суғд маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилоят ба варзишгарон доир гардид. Дар он раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, зикр карданд, ки дар маросим ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, футболбозон ва мураббиёни дастаҳои футболи вилоят, собиқадорони варзиш, соҳибкорон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими мутантани ҷоизасупорӣ роҷеъ ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол дар вилоят ҳарф зада, чунин гуфт: «Мояи ифтихор аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, аз ҷумла варзиш рушду нумӯъ ёфта, мардуми тоҷик ба музаффариятҳои зиёд ноил гардид. Дар ин радиф, рушди ҳамаҷонибаи варзиш, обутоби ҷисмонии ҷавонон, хосса наврасону кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ривоҷ ёфтани ҳамаи намудҳои тарбияи ҷисмонӣ, махсусан футбол дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Ташкили даҳҳо варзишгоҳҳо ва майдончаҳои нави варзишӣ, таъсиси дастаҳои сершумори футбол аз ҳисоби ҷавонону наврасон дар шаҳру ноҳияҳо, дастгирии молиявӣ ва ҳавасмандгардонии бозингарони дастаҳои касбии футбол тайи солҳои охир шаҳодати ҳамкории судманди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва Федератсияи футболи вилоят ба ҳисоб меравад».
Зикр гардид, ки соли 2018 барои футболи тоҷик пурбарор буд, зеро дастаи мунтахаби футболбозони навраси мамлакат таҳти сарпарастии бевоситаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, хосса президенти федератсия Рустами Эмомалӣ пас аз музаффарият ва ишғоли зинаи дуюм дар Чемпионати Осиё, ки дар Малайзия доир гашт, ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт. Аз ҷониби наврасони кишвар тантанавор парафшон сохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро миёни мамлакатҳои минтақаи Осиё боз ҳам афзун намуд.
Қобили зикр аст, ки соли равон барои дастаҳои футболи вилоят низ соли пурбарор буд. Дастаи футболи «Хуҷанд» дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ сазовори ҷои дуюм гашт, ҳайати ҷавонони даста пас аз муддати тӯлонӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Дар мусобиқоти Лигаи якум дастаи футболи «Истаравшан» маҳорати баланд нишон дода, ғолибият ба даст овард ва ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт. Ҳамчунин дастаи футболи «Эсхата» дар мусобиқоти мазкур тавассути маҳорати баланди бозингаронаш зинаи дуюмро ишғол намуд.
Дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм аз вилояти мо 12 даста иштирок намуда, дастаҳои «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Суғдиён»-и шаҳри Бӯстон ва «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ғолиби давр гардиданд.
Дастаи наврасони вилоят дар мусобиқаи байналхалқӣ барои дарёфти Ҷоми водии Фарғона, ки дар шаҳри Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, бар ҳарифони худ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғолиб омада, соҳиби Ҷом гардид. «Роҳбарияти вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати омодагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар радифи дигар корҳои ободониву созандагӣ барои рушди минбаъдаи ҳамаи намудҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, аз ҷумла футбол шароити мусоид таъмин намояд. Дар назар аст, ки то ин ҷашни бузурги миллӣ бо ҷалби маблағҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои мухталиф беш аз 412 иншооти варзишӣ, аз ҷумла толорҳои варзишӣ, варзишгоҳ ва майдону майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гиранд, ки ин туҳфаи муносибе ба варзишгарону ҳаводорони варзиш хоҳад буд», -иброз дошт раиси вилоят.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар намудҳои мухталиф, аз ҷумла футбол ёдовар шуд. Мавсуф саҳми варзишгарони вилоятро дар дастовардҳои соҳа, бахусус футбол шоиста арзёбӣ намуд.
Дар хатми маросим дар вазъияти тантанавӣ ба дастаҳои ғолиб, мураббиёну футболбозон Ҷоиза ва мукофотҳои Федератсияи футболи вилояти Суғд тақдим гардид.
Барномаи фарҳангӣ ба ин ҷамъомад шукӯҳу шаҳомати хосса зам намуд.











Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






