Дастаи футболи «ОРЗУ-2026» ғолиби Ҷоми Ислом Маҳмадшоев гардид

Декабрь 12, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони «Орзу-2026»-и Академияи ФФТ дар бозии финалӣ дастаи футболи  вилояти Хатлонро бо ҳисоби 1:0  мағлуб намуда, соҳиби Ҷом гардид.

Дар ин бора ба мухбири   АМИТ «Ховар»  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Зикр шуд, ки даври ниҳоии мусобиқа дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе доир гардид.  Дар  ин вохӯрии  ҷолиб  голи ягонаро футболбози   дастаи  «Орзу-2026» Алинур Ниёзбеков вориди дарвозаи ҳариф намуд.

Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2001-2002 ба гиромидошти хотираи собиқ котиби генералии ФФТ Ислом Маҳмадшоев бахшида шуд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ноиби ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кӯдакону наврасон Увайдо Давлатбеков, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Маҳмадализода ва сармураббии  дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Ҳаким Фузайлов ва дигар намояндагони футболи кишвар иштирок намуда, ба ғолибон ҷоизаву медалҳоро тақдим намуданд.

Декабрь 12, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд