Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври финалии Чемпионати Осиё-2019 роҳ ёфт

Декабрь 11, 2018 13:40

ДУШАНБЕ,11.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби  ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2019, ки соли оянда дар Эрон баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Дар ин бора ба мухбири  АМИТ «Ховар»  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Зикр шуд, ки пас аз натиҷагирии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 дастаҳои футболи толории Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон аз минтақаи Осиёи Марказӣ, Лубнон, Ироқ, Арабистони Саудӣ аз минтақаи Ғарб, Япония, Тайпейи Чин аз минтақаи Шарқ, Тайланд, Ветнам ва Индонезия аз минтақаи Уқёнус ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалии чемпионатро пайдо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи мунтахаби ҷавонони  Эрон ҳамчун мизбони марҳилаи финалӣ дар марҳилаи интихобӣ ба инобат гирифта намешавад.

Бояд зикр кард, ки  дар 2-юмин  Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба футболи толорӣ, ки соли оянда дар Эрон доир мегардад, 12 даста иштирок мекунанд. Дастаҳо тибқи қуръакашӣ ба се гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим мешаванд.

 

 

 

Декабрь 11, 2018 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд