Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Малайзия соҳиби 5 медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Теннисбозони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Пенанги Малайзия 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре корманди Федератсияи тенниси Тоҷикистон Далер Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мусобиқаи мазкур миёни наврасону ҷавонон медалҳоро Хушбахт Каримов, Исамҷон Шарифов, Аминҷон Абдуллоев, Ёсуман Салимова ва Диана Иванихина сазовор шуданд.
Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқа варзишгарон аз 20 давлати Осиё, ҳамчунин кишварҳои Британияи Кабир, Россия, Австралия ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи дигари сатҳи байналмилалӣ дар Малайзия теннисбоздухтарон аз Тоҷикистон Ёсуман Салимова медали нуқра ва Диана Иванихина медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






