Дилшод Назаров ва Шаҳриёр Даминов «Беҳтарин варзишгари сол- 2018» эълон шуданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2018 Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол миёни калонсолон ва Шаҳриёр Даминов беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон эълон шуданд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи Асомиддин, ҳамчунин дастаи мунтахаби футболбозони то 16–солаи тоҷик беҳтарин даста, Зайнидин Раҳимов беҳтарин мураббӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин Федератсия дар соли 2018 дониста шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров моҳи сентябри соли 2018 дар мусобиқоти Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми аввал касб намуда, сазовори медали тилло гардид.
Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло ва дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев барандаи медали биринҷӣ шуд.
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар Чемпионати Осиё, ки моҳи октябри соли 2018 дар Малайзия баргузор гардид, медалҳои нуқраи мусобиқотро ба даст оварда, соҳиби роҳхати Чемпионати ҷаҳон- 2019 дар Перу гардид.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






