ДУ НАФАР ҶАВОНИ НИҚОБПӮШ БО ТАҶҲИЗОТИ «ЭЛЕКТРОШОК»… Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар шаҳрвандон –истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки онҳо бо истифода аз таҷҳизоти электрикии «электрошок» ва пӯшидани ниқоб ба роҳзанӣ машғул шудаанд.
Тавре аз Вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, 30 ноябри соли равон ба қисми навбатдории Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба сар задани ҷинояти роҳзанӣ хабари телефонӣ ворид гардид.
«Баҳри ошкору муайян намудани сабабу омилҳои содиршавии ҷинояти роҳзанӣ ва дастгир намудани ҷинояткорон гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии бахши фаврии милитсияи пойтахт ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд»,- илова намуд манбаъ.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки ду нафар ҷавони ниқобпӯш бо таҷҳизоти электрикии «электрошок» мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора Бегматовна, соли таваллудаш 1959, ғайриқонунӣ ворид гардида, шавҳар ва духтарашро зери лату кӯб қарор дода, ҳамзамон бо скотч пойҳояшонро бастаанд.
«Баргузории якчанд тадбирҳои фаврӣ ба кормандони милитсияи пойтахт имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ парда аз рӯи ин ҷинояти вазнини ба муқобили саломатӣ равонагардида бардошта шавад»,- гуфт манбаъ ва илова намуд: «Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзании мазкур шаҳрвандон: Садиров Ҳувайдо Ҷаҳонгирович, соли таваллудаш 1983 ва Файзиев Рустам Ғуломалиевич, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дастгир шуданд».
Аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуданд: «Зимни пешбурди корҳои фаврӣ — тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ баҳри ба даст овардани маблағи калони пулӣ ба рӯй ниқоб кашида, бо таҷҳизоти техникии «электрошок» мусаллаҳ шудаанд. Онҳо ба манзили истиқоматии шаҳрванд Гулнора Чекушина, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви н.Фирдавсӣ ворид гардида, шавҳараш Чекушин Шавкат Кашафович, соли таваллудаш 1955 ва духтараш Юлия Чекушина, соли таваллудаш 1981-ро бо таҷҳизоти техникии «электрошок» ба сару рӯяшон зарба зада, ҳамзамон бо скотч дастҳояшонро бастаанд».
Гумонбаршудагон баҳри дарёфти маблағи пулӣ манзили истиқоматиро кофтуков намуда, аз онҷо 1200 сомонӣ маблағи пулӣ ва як миқдор ҷавоҳироти бижутериро дуздидаанд, ки бо ин амал ба ҷабрдидагон дар баробари зарари ҷисмониву маънавӣ ба маблағи 1600 сомонӣ зарари пулӣ низ расонидаанд.
Бо дастрасии далелҳои зикргардида, айни ҳол нисбат ба ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 249 (Роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.











Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






