Футбол: дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Баҳрайн рафт

Декабрь 17, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол баъди бозии дуюми дӯстона ва таҷрибавии худ бо дастаи мунтахаби Уммон ба пойтахти Баҳрайн –шаҳри Манама рафт. Футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Усмон Тошев дар бозии дуюми дӯстона ва таҷрибавӣ аз дастаи мунтахаби Уммон бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуданд. Шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин Бӯриев дар ин бора гузориш медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нисбат ба бозии аввале, ки бо дастаи мунтахаби Уммон 12 декабр дошт, тарҳ ва шакли бозии худро дар вохӯрии дуюм иваз кард ва Усмон Тошев якбора ҳафт нафар бозингарони навро аз оғози рақобат ба майдони бозӣ овард. Бори аввал аъзои дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар –дарвозабон  Фатҳулло Бобоев, муҳофизатгар Ваҳдат Ҳаннонов ва ҳамлагар Муҳаммадҷон Лоиқов  дар ҳайати дастаи мунтахаб ҳунарнамоӣ карданд.

Дар варзишгоҳи Султон Қобус ин навбат бозии баробари дастаҳо ба мушоҳида расид ва ягона голи задаи Халид Алҳаҷрӣ дар дақиқаи 58-ум тақдири вохӯриро ба суди футболбозони Уммон ҳал кард.

Сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Усмон Тошев баъди вохӯрии дуюм аз ҳунарнамоии  футболбозони кишварамон қаноатмандӣ изҳор карда, гуфт: «Бозии имрӯза хеле суръати баланд дошт ва диданӣ буд. Бачаҳои мо нисбат ба бозии аввал хеле хуб ҳунарнамоӣ карданд. Дар хати миёна  ва ҳимояи даста  тағйирот ворид кардан зарур аст. Футболбозон дар нимаи аввал бо кӯшиши худ ҳуҷумҳои хатарнок анҷом доданд.  Муносибати онҳо ба тамринҳо хеле хуб аст ва ман аз онҳо қаноатмандам».

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали худ аз дастаи мунтахаби Уммон бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардида буд  ва 20 декабр боз як бозии таҷрибавии худро бо дастаи мунтахаби Баҳрайн барпо мекунад.

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Манама-пойтахти Баҳрайн барои идома додани омодагӣ ба бозиҳои оянда ҳозир шуд.

Бозиҳои таҷрибавӣ ва дӯстона

Уммон  – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Халид Алҳаҷрӣ, 58.

Тоҷикистон: Фатҳулло Бобоев, Ваҳдат Ҳанонов, Хуршед Бекназаров (Сиёвуш Асроров, 82), Ҳусейн Нурматов, Зоир Ҷӯрабоев (Табрези Давлатмир, 90+2), Кароматулло Саидов, Аҳтам Назаров (Эҳсони Панҷшанбе, 86), Муҳаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 76), Шервонӣ Мабатшоев (Мӯҳсин Абдуғаффоров, 80), Шарафҷон Солеҳов, Шериддин Бобоев (Муҳаммадҷон Лоиқов, 88).

Огоҳӣ: Носир Ашшмали (Уммон), Ҳусейн Нурматов (Тоҷикистон).

Довар дар майдонАхмед Халид Алалӣ (Кувайт).

16 декабр. Масқат. Маҷмааи варзишии Султон Қобус. 1200 тамошобин

Бозии аввал

Уммон – ТОҶИКИСТОН – 2:1

ГолҳоМуҳаммад Алғасонӣ, 74 (1:0). Матаз Солеҳ, 76 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 89 (2:1).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров (Ҳусейн Нурматов, 80), Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 77), Комрон Турсунов, Эҳсони Панҷшанбе (Шарафҷон Солеҳов, 87), Ҷаҳонгир Эргашев (Шериддин Бобоев, 69).

ОгоҳӣХуршед Бекназаров (Тоҷикистон).

Довар дар майдон: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).

13 декабр. Масқат. Маҷмааи варзишии Султон Қобус. 1500 тамошобин.

Декабрь 17, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад