Футбол: дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона ва таҷрибавӣ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 14.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Усмон Тошев бозиҳои дӯстона ва таҷрибавии худро шоми дирӯз дар варзишгоҳи Султон Қобуси шаҳри Масқати Уммон оғоз кард. Шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин БӮРИЕВ гузориш медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аслан аз футболбозони ҷавон таркиб ёфтааст, дар як бозии таҷрибавию дӯстона бо дастаи мунтахаби Уммон қувва озмуда, бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардид. Қисми аввали вохӯрӣ бе кушодани ҳисоб хотима ёфт. Дар нимаи дуюм соҳибони майдон тавассути голҳои Муҳаммад Алғассонӣ (74) ва Мутаз Солеҳ (76) бартарии худро нишон доданд. Ба Шарафҷон Солеҳов, ки бори аввал дар ҳайати дастаи мунтахаби асосии мамлакат аз курсии эҳтиётӣ ба майдон омад, муяссар гардид, ки дар дақиқаи 89-ум тӯбро вориди дарвоза гардонад.
Ба ғайр аз Шарафҷон Солеҳов, боз Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов, Шервонӣ Мабатшоев ва Кароматулло Саидов низ бори аввал дар ҳайати дастаи мунтахаби асосӣ ба майдон омаданд.
Рӯзи якшанбе, 16 декабр футболбозони тоҷик як бозии дигарро бо дастаи мунтахаби Уммон доир хоҳанд кард.
Бозии дӯстона
Уммон – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Муҳаммад Алғасонӣ, 74 (1:0). Матаз Солеҳ, 76 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 89 (2:1).
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров (Ҳусейн Нурматов, 80), Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 77), Комрон Турсунов, Эҳсони Панҷшанбе (Шарафҷон Солеҳов, 87), Ҷаҳонгир Эргашев (Шериддин Бобоев, 69).
Огоҳӣ: Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).
Довар дар майдон: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).
13 декабр. Масқат. Маҷмааи варзишии Султон Қобус. 1500 тамошобин.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






