ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 11.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву тамриниро дар шаҳри Доҳаи Қатар 10 декабр ба анҷом расонида, субҳи имрӯз барои анҷом додани ду бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Уммон ба шаҳри Масқат сафар кард.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Уммон рӯзҳои 13 ва 16 декабр дар шаҳри Масқат баргузор мешаванд.
Баъдан дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев аз шаҳри Масқат ба шаҳри Манама сафар менамояд. Дар онҷо футболбозони тоҷик 20 декабр бо дастаи мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона анҷом медиҳанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






