Футбол: дастаи наврасони Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳони соли 2019 омода мешавад
ДУШАНБЕ, 24.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, ки ҳаққи иштирокро дар бозиҳои ниҳоии Чемпионгати ҷаҳон оид ба футбол ба даст овард, омодагиро ба ин мусобиқаи бонуфуз шурӯъ мекунад. Тоҷикистониён дар дар ин самт аз 20-тум то 28-уми январи соли оянда дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус, дар 15-умин мусобиқаи байналмилалӣ байни наврасон бо номи «Ҷоми истеъдод-2019» ширкат меварзанд.
Дар мусобиқаи мазкур 12 даста ширкат менамояд. Ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дастаҳои мунтахаби наврасони Белорус, Белгия, Булғория, Гурҷистон, Исроил, Исландия, Литва, Молдова, Словакия, Украина ва Финляндия барои ҷоиза мубориза мебаранд. Шаш даста, аз қабили Белорус, Белгия, Словакия, Исроил, Исландия ва Украина дар мавсими футболи соли 2018/2019 ҳаққи ширкатро дар бозиҳои финалии Чемпионати Аврупо байни наврасони то 17-сола ба даст овардаанд.
Дар натиҷаи қуракашӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба гурӯҳи «А» шомил шуд ва бо дастаҳои мунтахаби Белорус, Белгия ва Финландия қувва месанҷад.
Гурӯҳи «В» аз дастаҳои мунтахаби Исландия, Исроил, Молдова ва Гурҷистон ва гурӯҳи «С» аз дастаҳои мунтахаби Украина, Словакия, Булғория ва Литва таркиб ёфт.
Тибқи низомномаи мусобиқа се дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтарини зинаи дуввум муборизаро барои ҷоиза идома медиҳанд. Дастаҳои боқимонда дар вохӯриҳои байниҳамдигарӣ тартиби ҷойгиршавии худро дар ин мусобиқа муайян менамоянд. Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толорҳои болопӯшида гузаронида мешавад.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






