Футзалбозони ҷавони тоҷик бар дастаи мунтахаби Ӯзбекистон пирӯз гардиданд

Декабрь 4, 2018 10:25

ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври дуюми бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «В» бо ҳисоби калони 7:2 дастаи мунтахаби  Ӯзбекистонро мағлуб намуда, роҳхати марҳилаи навбатиро ба даст овард.

Дар ин бора ба мухбири  АМИТ «Ховар»  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Раҷабов, Идрис Ёров, Фаридун Неъматов ва Халид Сабуров ба нишон расониданд.

Ҳамин тариқ, дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар даври плей-офф бо дастаи  мунтахаби  Афғонистон, ки дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро ишғол мекунад, рақобат менамояд.

Баргузории бозии мазкур дар маҷамааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд соати 13:00 дар назар аст. Ғолибият дар ин бозӣ иштироки дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё, ки соли оянда баргузор мешавад, таъмин месозад.

 

 

Декабрь 4, 2018 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд